Хабарҳо
6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД
– Бо гузашти бисту ҳашт сол аз қабули санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқии давлат пойдор гардида, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфтанд, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт. Ҳамзамон, пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам гардиданд, ки сарчашмаи дастовардҳои арзишманди халқи тоҷик дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад, - иброз дошт Назирӣ Гулбаҳор Назир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки қабули Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсоз асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии онро танзим намуда, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи нек ва ҳаёти орому осуда таҳким бахшид.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имкони мусоид фароҳам овард, то мардуми тоҷик набзи худро бо набзи ҷаҳони имрӯза ҳамсадо созад.
- Яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад, зеро риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосии таъмини суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он маҳсуб мегардад, - зикр кард Назирӣ Гулбаҳор.
Сардори идораи ҳуқуқи БМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Беҳзод Расулов тазаккур дод, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи моро инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ, ҳамчунин, таъмини ҳаёти шоиставу арзандаи инсон ташкил медиҳанд ва ҳамаи муқаррароти Конститутсия бо назардошти ҳамин ғояи асосӣ тарҳрезӣ шуда, татбиқ мегарданд.
Қайд гардид, ки муколамаи оммавӣ оид ба Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо муайян намудани мавқеи худ ва таҳлилу баҳогузорӣ, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеаю давлат, дар муайян намудани самтҳои нави рушди он бо шарҳу тавзеҳу нигоҳи нав саҳми шахсии худро гузорад. Аз ин рӯ, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон омӯхтан, донистан ва роҳнамои ҳаёту фаъолият қарор додани Конститутсия вазифаи муқаддаси инсонӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
- Ба шарофати Конститутсия, имрӯз мо фазои осоишта ва низоми мукаммали идораи мақомоти давлатӣ дорем, ки аз рӯи принсипи дарҳои кушода бо шаҳрвандон муносибат мекунанд, дастрасӣ ба низоми маориф ва тандурустӣ сол ба сол беҳтар мегардад, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ дар сабади истеъмолии шаҳрвандон ҳамасола меафзояд, давлат ва шаҳрвандон нақшаҳои стратегии дарозмуҳлатро татбиқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ пазируфта шуда, бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ роҳандозӣ кардааст, - гуфт Беҳзод Расулов.
Ҳамчунин, сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан сухан ронда, иброз дошт, ки 6 ноябри соли 1994, яъне 28 сол қабл, мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки мардуми тоҷик соҳиби ҷомеаи иттифоқ, соҳибмаърифат ва мутамаддин ҳастанд ва бо ҳисси масъулият дар назди наслҳои оянда барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба татбиқи арзишу неъматҳои умумибашарӣ талош хоҳанд кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 18162