ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ВА ЭҲЁИ ДУРНАМОИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки аз баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ сӣ сол сипарӣ мешавад. Ҳамон Иҷлосияи таърихие, ки Сарвари соҳибфазлу хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсати бузург овард ва ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия замина гузошта, роҳи давлатдории миллии моро мунаввар сохт.
Маълум аст, ки Конститутсияи давлати навини мо дар вазъияти бисёр печидаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳилаи нави таърихӣ ва устуворсозии аркони давлатдории миллӣ замина фароҳам кард. Дар иртибот ба арзиши бунёдии ин санади олии ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.
Дарвоқеъ, Конститутсия ҳуҷҷати юридикӣ, сиёсӣ ва таърихие мебошад, ки дар он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъсири муносибатҳои сиёсӣ дар ҷамъият ва принсипҳои умумии ҳуқуқ дарҷ гардидаанд. Агарчи ин ҳуҷҷати таърихӣ дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу парешониҳои зиёд қабул гардид, ҳайати комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи онро тавре таҳия намуд, ки бо назардошти фарогири меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ, аз ҷониби коршиносони маъруф, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ то ҳол сазовори баҳои баланд аст.
Дар Конститутсия тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ дарҷ гардида, он воқеан ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ эътибори баланд дорад. Маҳз меъёрҳои Конститутсия буд, ки ба волоияти қонун дар ҷомеа бартарӣ дода шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар ҷаҳон эътироф гардид.
Зимнан, бояд ёдрас шуд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ назаррас аст. Чунончи, дар роҳи волоияти қонун, мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, таъмини тартиботи дохилӣ, барқарории сулҳу субот зиёда аз 2000 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷон бохтааст, ки имрӯз хотираи онҳо гиромӣ дошта мешавад.
Хушбахтона, имрӯз мо аз файзи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва асосҳои конститутсионӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем ва кишвари азизамон сол ба сол ба фатҳи уфуқҳои нав ба нави рушд мушарраф мешавад. Дар ҳамин ҳол, барои таъмини рушди минбаъдаи Ватани маҳбуб, ҳар яки моро зарур аст, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсияро дар мадди аввал гузошта, волоияти қонунро тақвият бахшида, иттиҳоду ҳамбастагиро меҳвари кору зиндагии худ қарор диҳем.
Ҳабибулло САЙХОНОВ,
дотсенти “Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ”-и
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара,
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2022 №: 215 Мутолиа карданд: 1239