иқтисод
ВАНҶ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия барои солҳои 2022 – 2025 баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ: таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва саноатикунонии босуръат, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонд. Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ соҳаҳои воқеии иқтисодиёт рушд ёфта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ зиёд гардид, - иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ 116 лоиҳаро бо маблағи умумии 174 миллиону 485 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад, ки аз ин 42 лоиҳа ба маблағи 58 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 39 лоиҳа бо маблағи 53 миллиону 470 сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа бо маблағи 59 миллиону 853 ҳазор сомонӣ ба инфрасохтор ва 8 лоиҳа бо маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва бахши таъминоти захиравӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 16 629,736 сомониро ташкил медиҳад.
Филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади рушд бахшидани соҳибкорӣ ба 206 нафар қарзҳои кӯтоҳмуддат ба маблағи 3 миллиону 162 ҳазору 771 сомонӣ додааст. Маблағҳои озоди аҳолӣ дар ин бонк 8 миллиону 563 ҳазору 770 сомонӣ мебошад.
Маркази хизматрасонии бонкии “Аввалин бонки молиявии хурд” № 19, имсол ба 75 нафар ба маблағи 1 миллиону 12 ҳазору 700 сомонӣ қарз додааст, ки дар пешрафти иқтисодиёти аҳолӣ саҳми арзанда аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, таҳияи лоиҳаҳоро дар самтҳои истеҳсолӣ ба роҳ мондааст.
СОХТОРҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ НОҲИЯ
Кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи замин вазифаи ҳар як саҳмдор буда, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, амнияти озуқаворӣ, ба он зич алоқаманд мебошад.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли равон 82 миллиону 485 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин маблағ, асосан аз соҳаҳои чорводорӣ ва рустанипарварӣ ба даст омадааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партоб чораҷӯӣ намуда, то имрӯз 33 гектар замини партобро ба гардиши кишоварзӣ ҳамчун заминҳои обӣ ворид кардааст.
Дар 73 иншооти обрасон, ки дар мувозинаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад, ба тариқи ҳашар корҳои таъмир ташкил ва гузаронда шуда, иншоот барои таъмини оби кишоварзӣ омода мебошад.
Бо дастгирии молиявии ташкилотҳои хориҷӣ ва ватанӣ лӯлаҳои асбестосементии қутрашон 400 мм-и дар дашти Язгуломи деҳоти Язгулом насбшуда, сокинони деҳа аз оби полизӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, тоза намудани канали сарҷӯйбори деҳаи Убари Даргови Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев бо дарозии 60 метр, канали деҳаи Удоби деҳоти Техарв бо дарозии 1200 метр, канали деҳаи Техарви деҳоти Техарв бо дарозии 600 метр, заҳбуру заҳкашҳои деҳаи Пайшанбеободи Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев анҷом ёфтанд, соҳили дарёчаи Рохарви деҳоти М. Абдуллоев, дарёчаи деҳаи Бунайи деҳоти Ҷовидон, сарбанди канали маҳаллаи Торгод мустаҳкам карда шуданд.
Ҳамзамон, дар иншооти лӯлаҳои оби полизии деҳаи Одешти Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев корҳои сохтмонӣ ва васл намудани лӯлаҳои этилении қутрашон 200 мм ба дарозии 2300 метр анҷом пазируфт.
Маркази хизматрасонии техникии ноҳия дар давоми нуҳ моҳ хоҷагиҳои деҳқониро бо техникаҳои кишоварзӣ пурра таъмин кард.
Деҳқонон аз 7 гармхонаи мавсимӣ ҳосили фаровони сабзавоти барвақтӣ рӯёнданд. Дар майдони 1,5 гектар ниҳолхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 10 000 бех ниҳол парвариш мешавад. Инчунин, сохтмони 3 гармхона, яке барои лимӯ, идома дорад.
Дар ноҳия ду адад таҳхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 60 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шуд. Айни ҳол сохтмони як сардхона аз тарафи соҳибкор С. Ниҳмонов бо ғунҷоиши 100 тонна меваю сабзавот дар нақша аст.
Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли 2022 дар 8,2 гектар боғҳои нав бунёд ёфт, 10 гектар боғи куҳна барқарор гардид. Хоҷагиҳои деҳқонии Кибриё, Қ. Баротова, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бунгоҳи такягоҳи боғи ботаникӣ дар майдони 1,5 гектар ниҳолхона сохтанд.
Ҷамъоварӣ ва фурӯши меваю сабзавот, аз ҷумла себ, пиёз, лаблабу, помидор, булғорӣ, каду, карам, бодиринг, боимҷон, ғалла сомон пазируфту ғундоштани картошка дар арафаи анҷомёбист. Кишти тирамоҳӣ бошад дар авҷ аст.
Имрӯзҳо дар масъалаи таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, роҳҳои маҳаллиро дар ҳолати дуруст нигоҳ медорад.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ 254,1 км роҳҳо ва 30 пулро бо дарозии умумии 865 метр ва 452 лӯлаи обгузарро бо дарозии умумии 2620 метр таъмир ва нигоҳдорӣ менамояд. Муассисаи мазкур мувофиқи нақша дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон 227 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 66 ҳазору 120 сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо гардид. Соли ҷорӣ МДНРА барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бо 14800 литр сӯзишвории дизелӣ, 256 литр равғани дизелӣ, 256 литр равғани веретёнӣ ва 1500 литр бензин таъмин гашт.
Тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ба танзим даровардани раванди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқӣ дар ноҳия, таъминоти аҳолӣ бо барқ сол ба сол беҳтар мегардад. Бо ин мақсад дар ноҳия сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, таъмиру таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, таъмири зеристгоҳҳои барқӣ ва иваз намудани трансформаторҳои иқтидорашон паст ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд корҳои назаррас иҷро шуда истодаанд.
Дар ин давра хатти интиқоли барқи 35 кВ дар масофаи 27 километр аз деҳоти Техарв то деҳоти Рованд сохта ва 22 зеристгоҳи трансформатории 35/0,4 кВ насб гардиданд, аз ин рӯ, тамоми деҳаҳо бо барқ пурра таъминанд. Дар деҳоти Язгулом аз деҳаи Жамак то деҳаи Зайч дар масофаи 9 километр хатти интиқоли барқи 10 кВ кашида шуд. Бояд гуфт, ки дар соли 2021 хатти интиқоли барқи баландшиддати 35/110 кВ аз Дашти Язгулом то Даштаки Ванҷ ба масофаи 22 км кашида шуд буд. Баъди ин Ширкати «Помирэнерҷи» бо шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ пайваст гардид. Ҳамчунин, Ширкати «Помирэнерҷи» муштариёнро бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин месозад, алҳол 4429 чунин дастгоҳи электронӣ васл гашта, талафоти неруи барқ 9 фоиз коҳиш ёфт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ минбаъд низ тамоми кӯшишро барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои афзалиятноки сол равона карда, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, ташкилию фарҳангӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2022 №: 215 Мутолиа карданд: 1197