фарҳанг
«ГУЛИ ИШҚ ВА ЗОДАИ АШК»
Шахсиятҳои пуртаҷрибаи соҳаҳои гуногунро аҳли қалам аз зовияи нигоҳи хеш ба таҳқиқ бигиранд ва дар лавҳаву очеркҳо чеҳраҳои онҳоро равшан созанд, як ҷаҳони бисёр зебои одамият ва ҳалли садҳо муаммоҳои иҷтимоиву маънавӣ ҳувайдо мешаванд. Аммо, агар аз забони худи онҳо ҷаҳони ботиниашон ифшо гардад, таъсираш дучанд хоҳад буд. Ба ин хотир, жанри мусоҳиба то ҳанӯз дар байни хонандагони матбуоти даврии на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон хонданиву пазируфтанист.
Гулчини мусоҳибаҳои журналисти ботаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хуршеди Атовулло – «Гули ишқ ва зодаи ашк» низ аз ҳамин назар бисёр ҷолибу хонданӣ фароҳам омадааст. Мураттиб дар оғози китоб зикр мекунад, ки мусоҳибаҳои 30 соли охири фаъолияти хешро бо фардҳои камназиру таъсиргузори миллати тоҷик ҷамъ овардааст. Китоб соли равон дар чопхонаи «Матбаа» бо теъдоди 200 нусха нашр шуд.
Аз мутолиаи саҳифаҳои аввал хонандаи зирак пай мебарад, ки таркиби он на аз мусоҳиба, балки лавҳа-мусоҳибаҳо иборат мебошад. Ин жанр, ки дар журналистикаи байналмилалӣ собиқаи бештар аз панҷоҳсола дорад, дар матбуоти мо аз аввали солҳои 80-уми садаи ХХ роиҷ гардид ва хонандагони мо онро ба хушӣ пазируфтанд. Дар он журналист нахуст ба руҷуъҳои лирикӣ мепардозад, даричаи ошноиро бо ҳамсуҳбаташ мекушояд, ба тахайюлоти хеш болу пар мебахшад ва минбаъд ба саволу ҷавоб мегузарад. Ҳатто дар мусоҳибаи муаллиф, ки бо аксбардори маъруф Муҳиддин Олимпур сурат бояд мегирифт, ба ҷои суҳбаторо бештар мусоҳиб савол медиҳад ва ҷараёни суҳбат ба порае аз ҳикоя ё саргузашт монандӣ пайдо мекунад. Гоҳҳо радду бадали фикрҳо, саволҳо ва муаммоҳои дар зеҳн будаву ба забон наомада, сабтнашуда, рӯйи коғаз нарехта низ як ҷузъи мусоҳибаро ташкил медиҳанд. Масалан, Олимпур ба Хуршеди Атовулло «Ту Олимпурро мешиносӣ?» - гуфта савол медиҳаду худаш посух медиҳад: «Медонам, маълумот дорӣ, аз рӯйи хондаву гуфтаҳо, вале барои чизе навиштан, аввал мусоҳибро шинохтан лозим, аз нигоҳи хеш, бо андешаҳои фардии хеш…»
Ҳамин нуқтаи муҳим ба тамоми журналистони ҷавон дахл дорад, ки тоза ба олами матбуот омадаанд ва пайи оростани суҳбати нағзу пурмағзе бо ин ё он фардҳои маъруф ҳастанд.
Дар ҳақиқат, оростани як мусоҳибаи хубу мондагор баробар ба навиштани як роман, ба навиштани хислатномаи равониву иҷтимоӣ ва ҳатто, маънавии як инсон қурб дорад.
Қаҳрамонони китоби «Гули ишқ ва зодаи ашк» аз ҳунарманд ва коргардони маъруф Фаррухи Қосим, аксбардор Муҳиддини Олимпур, журналисти машҳур, собиқ сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва амсоли инҳо оғоз ёфта, то Давлатпочо Атоева, як бонуи деҳқон ва донои кори кишоварзӣ мерасад. Яъне, ҳамсуҳбатони муаллиф шахсиятҳои соҳаҳои гуногунсатҳ буда, истеъдоди хуби чеҳранигории ӯро барои мо бештар равшан мекунад.
Агар Фаррухи Қосим бо офаридани намоиши «Юсуфи гумгашта» ва саргузашти ӯ бо бародаронаш ишораҳои ҳунарӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мо кунад, саҳнаро майдони расидан ба орзуҳои ҳаргиз амалинашавандаи хеш донад, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба муҳимтарин рӯйдодҳои оғози солҳои 90-уми асри ХХ руҷуъ карда, мегӯяд: «Бунёдгузори Бунёди забонам. Анҷумани аввалини ин Бунёдро созмон дода, маъруза хонда, дӯстам Лоиқро ба раёсати он пешниҳод кардам. Ҳамзамон, 480 ҳазор рублро, ки дар суратҳисоби махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» ғун шуда буд, дар ихтиёри роҳбарияти нав гузоштам».
Аз ин нуқтаи мусоҳиба бармеояд, ки рӯзномаи мо – «Ҷумҳурият» ҳамеша маркази таҳаввулот ва навгониҳои сиёсиву фарҳангӣ будааст. Дарвоқеъ, аввалин эъломия ва мақолаҳои меҳварӣ дар масъалаи ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан низ, дар охири солҳои 80-уми асри гузашта маҳз дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудаанд. Ин ҷарида барои ба маснади давлатдорӣ нишастани забони тоҷикӣ нақши калидӣ дорад.
Дар анҷоми ин муаррифӣ, хондани ин ва дигар мусоҳибаҳои ҷолибу таърихӣ, ошноӣ бо чеҳраҳои фархундаи миллати тоҷикро аз китоби «Гули ишқ ва зодаи ашк» дар ихтиёри хонандагон гузошта, беҳтар медонем, то давоми роҳро худашон паймоянд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2022 №: 215 Мутолиа карданд: 1210