logo

Хабарҳо

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

 
Конститутсия ҳамчун санади сиёсию ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, ба рушди минбаъдаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти боэътимоди мақомоти олии кишвар ва таҳкими дигар ниҳодҳои ҷомеаи демократию шаҳрвандӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари танзими дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ, инчунин, ба ташаккул, рушд ва мустаҳкам намудани низоми ҳуқуқӣ низ роҳи васеъ кушодааст. 
Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, - иброз дошт. Дар кори форум мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, узви созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон ширкат доштанд. 
- Таъмини волоияти қонун яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб рафта, бо назардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ислоҳоти ҳуқуқиро дар ҷомеа тақозо менамояд. Баланд бардоштани дониши касбию маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафили эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳою дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ба андешаи мо, ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таҳкими волоияти қонун аз қабули Конститутсия сарчашма мегирад. Бо мақсади татбиқи меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳою стратегия, консепсияву нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, баҳри амалисозии ҳадафҳои рушди давлат, эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ равона шудаанд, - афзуд Музаффар Ашуриён.
Сайфиддин Сироҷзода гуфт, ки мақом ва нақши волоияти қонун дар устуворию пешрафти ҷомеа, махсусан дар кишварҳои рӯ ба инкишоф калидӣ арзёбӣ мегардад, зеро рушди иқтисоди ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорӣ, тиҷорат, дар маҷмуъ, муносибатҳои бозорӣ, низому тартибот, қонуният, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро талаб менамояд. Аз ин рӯ, волоияти қонун яке аз омилҳои муҳиму меҳварии рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеа мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи Форуми миллӣ буда, ягона пойгоҳест, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун, дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Ҳадаф аз он муайян намудани мушкилотест, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд. Инчунин, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.
 
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 17984
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед