сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ
ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар маркази шаҳр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуданд.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва шуъбаи бойгонӣ, китобхона бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, ки дар он асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои тозанашри шоирону нависандагони классику муосир ҷойгиранд.
Бинои замонавӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити арзандаи корӣ ва пешбурди фаъолияти назарраси кормандон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон дар макони мувофиқ ва тарҳи зебо бунёд шуда, ҳуҷраҳои кории он бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъминанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот нуҳ ҳуҷраи корист, ки дорои шароити мувофиқи хизматрасонӣ мебошад.
Толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст дар ошёнаи чорум ҷой гирифта, барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун макони мусоид ба ҳисоб меравад.
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супурданд.
Бинои нави таълимӣ сеошёна буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шуд.
Дар Муассиса 720 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ маҷаҳҳаз аст.
Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, шумораи синфхонаҳои Муассиса ба 55-то расида, мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон ҳалли худро пайдо намуд. Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ аз рӯи лоиҳаи ҶДММ “Архиком” бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Шарора” дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир қомат афрохт. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. Раванди омӯзиш дар Муассисаи таълимӣ ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмуъ, дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи хонандагон дар даргоҳи нави маърифат бо лоиҳаи иншооти нави ёрирасони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.
Тавре иттилоъ доданд, соҳибкор ният дорад, ки дар назди Муассиса барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзиш ва қасри варзиш бисозад.
Дар асоси лоиҳа, китобхонаю ошхонаи Муассиса дар масоҳати 400 метри мураббаъ (ҳар кадоме бо 200 ҷойи нишаст) сохта мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда, ба соҳибкор барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи илму маорифи мамлакат, бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, изҳори сипос намуданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ «ҲОКИМ»
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким" - ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ чорошёна буда, онро соҳибкор Эмомалӣ Азимов бунёд кард.
Баъди ба истифода додани бинои нави Маркази муосир 40 ҷойи нави кор муҳайё шуд.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 оғоз гашта, бо ҷалби бинокорони ҶДММ "Интер-сириус" мутобиқ ба талаботи замон ба анҷом расид.
Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардид.
Иттилоъ доданд, ки дар Марказ 13 ҳуҷра барои бистарӣ кардани беморон бо 40 кат мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 100 нафар ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шавад. Инчунин, Марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад.
Дар ошёнаи якуми бино толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми буғӣ ва хушк, ошхона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои ташхиси рентгенӣ, ултрасадо, табобати дандон, сабти барқии дил, физиотерапевтӣ, озмоишгоҳи биохимиявӣ ва вирусологӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуданд.
Дар ошёнаи сеюм шуъбаи муолиҷавӣ бо 24 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, эҳёгарӣ бо 8 кати хоб ва 2 ҳуҷраи табобати баъдиҷарроҳӣ бо 8 кати хоб вуҷуд доранд.
16 хонаи якҳуҷрагии истиқоматӣ барои табибону кормандон бошад, дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба табибон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои Марказ ба сокинон хизматрасониҳои босифату саривақтии тиббӣ расонанд.
ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ЯКУМИ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ “БАҲОРИ ПУРФАЙЗ”
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба хотири рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ шудааст. Бо истифода аз чунин имтиёзҳо, Корхонаи парандапарварии “Баҳори пурфайз”-ро соҳибкор Эргаш Отаҷонов бунёд намуд, ки дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Ҷамъият ба истеҳсоли гӯшти паранда машғул буда, имкон дорад, ки дар як сол то 1 ҳазору 600 тоннаро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш барорад. Дар як марҳилаи парвариши паранда, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, дар корхонаи нав 120 ҳазор сар мурғ нигоҳубин мешавад ва дар як сол то 600 ҳазор сар паранда парвариш шуда, барои истеҳсоли гӯшти аълосифат омода мегардад.
Тавре иттилоъ доданд, корхона дар асоси технологияи туркӣ фаъолият намуда, тақсими дону об ба парандаҳо ба таври автоматӣ ҷараён мегирад. Ҳамчунин, ҳарорати дохили фермаро дастгоҳҳои муосири соҳавӣ назорат намуда, мутобиқи талаботи соҳавӣ ҳавои дохил ба таври автоматӣ иваз мешавад. Вижагии дигари корхонаи навбунёд он аст, ки гармии дохили фермаҳои парандапарварӣ дар сардиҳои зимистон ба воситаи дегхонаи алоҳида фаъолияткунанда таъмин мегардад.
Бояд гуфт, ки ҶДММ “Баҳори пурфайз” дар масоҳати 7,5 гектар бунёд гардида, аз нуҳ бинои якошёна ва ду бинои дуошёна иборат аст. Сохтмони фермаи дуошёна дар минтақа беназир буда, имкон медиҳад, ки саршумори паранда барои нигоҳубин ва истеҳсоли гӯшт зиёд шавад. Танҳо дар як бинои дуошёна ҳоло ҷамъият то 40 ҳазор сар чӯҷаро нигоҳубин намуда, барои дуруст калон шудану вазнгирии онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардааст.
“Баҳори пурфайз” нигоҳубин ва парвариши мурғи навъи “Бройлер”-ро роҳандозӣ намуда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ин намуди паранда барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мутобиқу муносиб аст. Он то 2,5 килограмм вазн гирифта, таъму лаззати хосса дорад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар оянда ҳам истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда дар Ҷамъият афзоиш дода мешавад ва ҳам шумораи ҷойҳои нави кор бештар мегардад, зеро дар марҳилаи дуюм дар ҳудуди корхона бунёди боз бинои дуошёна ва бинои якошёнаи парандапарварӣ дар назар аст, ки дар ин ду бино боз парвариши 60 ҳазор сар мурғ роҳандозӣ мешавад. Ба ин васила, боз наздик ба 10 нафар ба кори доимӣ ҷалб хоҳад шуд.
Сарвари давлат иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун кардани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар саҳни корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи мазкур ва кишоварзони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.
Дар намоиш навъҳои гуногуни маҳсулоти ниҳоии паранда, ки бо шаклу намудҳои бозоргир бастабандӣ гардидаанд, пешниҳод шуд.
ШИНОСОӢ БО ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ ВА МУМФАРШКУНИИ ҚИТЪАИ РОҲИ РОМИТ – ПАКРУТ
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби ҶДММ “Пакрут” шуруъ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола таъмиру таҷдид мешаванд. То имрӯз корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромитро мумфарш ва навсозӣ кард.
Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиршуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафтуомади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш гардид.
Ҳамин тавр, солҳои минбаъда ин раванд идома ёфта, соли 2021 боз 3 километр роҳи мавзеи мамнуъгоҳи Ромит – деҳаи Хушон бо сарфи 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ таъмиру навсозӣ шуд.
Соли равон низ, тибқи нақша, беш аз 6 километр роҳ мумфарш гашт. Дар маҷмуъ, давоми ин солҳо беш аз 10 километр роҳи деҳоти Ромит, ки то ҶДММ “Пакрут” тул кашидааст, мавриди навсозӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат, бо қаноатмандӣ аз иқдоми мазкур, масъулинро ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани навсозии ин қитъаи роҳ ҳидоят намуданд.
Бо назардошти он ки, баъзе аз қитъаҳои роҳи мазкур аз соҳили дарё мегузаранд, барои пешгирии баландшавии эҳтимолии об ва шусташавии роҳ тадбирҳои соҳилбандӣ анҷом дода мешавад. Таъмиру навсозии роҳи мазкур, агар аз як ҷониб, боиси беҳтар шудани рафтуомад ва интиқоли молу маҳсулот гардад, аз ҷониби дигар, мӯҷиби ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи хушҳавои Тоҷикистони биҳиштосо хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2022 №: 216 Мутолиа карданд: 1178