logo

иқтисод

МАВЗЕИ ХАТАРНОК Ё ЯК ҚИТЪАИ РОҲИ БАРСЕМ. МУТАХАССИСОН ДАР ИН БОРА ЧӢ АНДЕША ДОРАНД?

 
Ҳар рӯз роҳи ман аз ҳамин мавзеъ мегузарад, зеро барои ба шаҳри Хоруғ, ё деҳаҳои поёни водии Ғунди ноҳияи Шуғнон рафтан роҳи дигаре нест, ки аз ин ҷо нагузарӣ. Онро сокинони деҳаҳои гирду атроф Шошак мегӯянд. Аммо дар расонаҳои хабарӣ ва ҳисоботҳои идораҳои роҳсозӣ баъди фаромадани сел аз дараи Барсем ин масир роҳи Барсем зикр мегардад. Вале ин муҳим нест. Муҳим он ки Шошак мавзеи хатарнок аст. 
Роҳ дар ин ҷо аз таги кӯҳ мегузарад. Махсусан, зимистон аз мавзеи Шошак гузаштан хеле хатарнок аст. Барф аз болои кӯҳ рост ба роҳ меафтад. Болои мошин ҳам чандин бор афтодаасту бар сари одамон ҳам. Дар мавсими тармафуроӣ ҳоҷати гап нест. Рӯзе нест, ки роҳро тарма зер накунад. Тобистони соли 2015 бошад, аз тарафи деҳаи Барсем сел омада, мавзеи Шошакро зери об кард. Пеши роҳи оби дарёи Ғундро ҳам маҳкам намуду дар баробари боғу роғ ва манзилҳои истиқоматии чандин хонаводаи деҳаҳои Бердибекобод, Шитобоғ, Барсем ва Колхозобод, мактабу бунгоҳи тиббӣ як қисмати 3-километраи роҳи мошингарди ин мавзеъ зери об монд. Имрӯз ҳам ин қисмати роҳ зери оби дарё мондааст. Ҳамон вақт бо супориши роҳбарияти кишвар ба таври таъҷилӣ аз доманаи кӯҳи Шошак роҳи муваққатӣ бунёд гардид, ки ҳоло ҳам хизмат мекунад. Вале хатари ин мавзеъ на танҳо кам нашуд, балки бештар гардид. Гап дар сари он ки акнун роҳи мошингард аз домани ҳамин кӯҳ мегузарад ва хатари зери тарма мондани одамону нақлиёт бештар шудааст. Зимистони гузашта дар ин ҷо тарма фаромада, мошини калонҳаҷмро зер кард, хушбахтона, ронанда осеби ҷиддӣ набардошт. Вале ин амри тасодуф буд, зеро дар чанд ҳодисаи ба ин монанд, ронандаҳо ҷонашонро аз даст медоданд. 
Дар назар аст, ки бо хатарнок будани мавзеъ дар ин ҷо роҳро қисман тариқи нақб бунёд месозанд, ки бехатарии ин қисмати роҳро як андоза таъмин месозад. Вале барои сохтмони нақб хароҷоти зиёде лозим аст. Дар шароити буҳрони иқтисодӣ-молиявии ҷаҳонӣ дарёфти чунин маблағҳои калон ҳам осон нест. Шояд аз ин сабаб бошад, ки амалишавии лоиҳа аз як сол ба соли дигар мегузарад. Вобаста ба ҳамин, баъзе мутахассисон пешниҳод менамоянд, ҳоло ки амалигардонии ин лоиҳа оғоз наёфтааст, он бояд таҷдиди назар карда шавад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки агар оби кӯли Барсемро, ки дар натиҷаи фаромадани сел ба вуҷуд омада буд, зиёдтар рахна карда, сатҳи оби дарё ҳарчи бештар ба сатҳи маҷрои пештарааш фароварда шавад ва роҳ на тариқи доманаи кӯҳ, балки қад-қади дарё бунёд гардад, дар ин ҳол, ба қавли онҳо, ҳам роҳ кӯтоҳтар ва ҳам бехатарии он беҳтар таъмин мегардад. Қисми дигари роҳсозон пешниҳод мекунанд, ки барои таъмини пурраи бехатарии ҳаракати нақлиёт лоиҳаи сохтмони ин қисмати роҳ тариқи деҳаи Барсем мавриди омӯзиши мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ қарор гирад. Амалисозии ин лоиҳа бо сохтмони ду кӯпруки мошингузар ва 3,5 км роҳ имкон медиҳад, ки ин қисми шоҳроҳ аз мавзеъҳои бехатар ва заминҳои бекорхобидаи деҳаи Барсем гузашта, дар дашти Колхозобод ба қисмати асосии шоҳроҳ пайвандад.
Поёнтар аз мавзеи Шошак як қитъаи роҳи хатарноки дигар аст, ки бо номи Риғовев ёд мешавад. Тавре аз номаш бармеояд (Риғовев, яъне шаршараҳо), гарчанде дар ин ҷо шаршараҳои об ба назар нарасанд ҳам, дар мавсими зимистон аз болои кӯҳ тармаҳо мисли шаршараҳо ҷорианд. Мусофирони зиёде дар ин масир таги тарма монда, ҷон бохтаанд. Бинобар ин, барои аз хатари тармаҳои мавзеи Риғовев эмин мондани нақлиёту мусофирон ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт хуб мешуд, ки ин қисми роҳ ҳам ба тарафи деҳаи Манем гузаронда шавад. Он вақт роҳ ба қисмати хатарноки Риғовев ворид нашуда, бо бунёди як кӯпруки мошингузар ба дашти Карсакени болои деҳаи Манем ва аз он тариқи убури як кӯҳдомани кӯтоҳе ба деҳаи Барсем гузашта, лаб-лаби дарёи Ғунд деҳаро паси сар намуда, бо сохтмони як кӯпруки дигар дар дашти Колхозобод ба шоҳроҳи асосӣ мепайвандад. Дар маҷмуъ, зимни амалигардонии ин лоиҳа ду пули мошингузар ва тақрибан 6 км роҳ бунёд кардан лозим мешавад. Вале бояд хотиррасон кард, ки дар ин масир тақрибан 1 км роҳ кӯтоҳ шуда, сохтмони нақб, ки хароҷоти зиёдеро талаб менамояд, аз байн меравад. Бинобар ҳисобу китоби баъзе мутахассисон, агар чунин лоиҳа дастгирӣ ёбад, хароҷоти молиявӣ камтару дарозии ин қисми роҳ кӯҳтотар мешавад ва ҳам бехатарии роҳу ҳаракати мунтазами нақлиёт дар он беҳтар таъмин мегардад. 
Дар сурати амалигардонии ҳар ду лоиҳа имконият фароҳам меояд, ки заминҳои корами таги роҳи муваққатимондаи деҳаи Колхозобод аз нав шодоб гарданд, ки ин ҳам дар шароити камзаминии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле муҳим аст. Боқӣ кадом лоиҳа аз лиҳози бехатарӣ, таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт ва каммасрафӣ лоиқи дастгирист, мутахассисони роҳсозии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ беҳтар медонанд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 1062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед