logo

иқтисод

ГАРМИДИҲӢ. ОМОДАГИҲО БА МАВСИМ

 
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» ҷиҳати бе мушкилӣ гузарондани мавсим, пайваст намудани иншоот ва биноҳои нави истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳр ҳамасола чорабиниҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Муассиса тибқи нақша дар мавсими зимистони имсола бо гармӣ таъмин намудани  3000 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 219 иншоот зиёд мебошад.
Тавре  Абдуҷаббор Ёров, директори Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», изҳор дошт, ба ҳолати 2 ноябри соли равон  ба 2 984 иншоот (89,5 дарсади  нақша) энергияи гармӣ интиқол дода шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 544 иншоот, Шоҳмансур 658,  Сино 1346 ва Фирдавсии пойтахт 452 иншоот бо гармӣ таъмин гардид.  
Мавриди зикр аст, ки бо ғамхорию дастгирии Ҳукумати мамлакат ва раиси  шаҳри Душанбе  пойтахти кишвар рӯз ба рӯз ободу зебо гашта, иншооти зиёди муосири ҷавобгӯ ба талаботи замон қомат афрохта истодааст. Бо назардошти ин, дар мавсими имсола дар ноҳияҳои Сино 41 иншоот, Шоҳмансур 145, Исмоили Сомонӣ 26, Фирдавсӣ 5 иншооти нав бо гармӣ таъмин хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки нархҳои хизматрасонии гармидиҳӣ дар мавсими имсола тағйир наёфтаанд.  
– Мувофиқи қонунҳои амалкунанда, сарҳади  Муассисаи мазкур то таҷҳизоти гармитақсимкунии бино (элеватор) муайян шудааст. Тамоми шабакаҳои баъди элеватор ҷойгиршуда (шабакаҳои таҳхонаи бино, лӯлаҳо ва шабакаҳои дохили ҳуҷра) аз ҷониби соҳибмулкони манзил таъмир, барқарор ва нигоҳубин мешаванд. Бо назардошти ин, сокинони биноҳо бояд дар ин раванд масъулият эҳсос намуда, бепарвоӣ ва хунукназарӣ накунанд, зеро дар акси ҳол дар ин давра барои кормандони Муассиса ва худи сокинон низ мушкилӣ эҷод мегардад, – гуфт Абдуҷаббор Ёров.
Дар Муассиса имрӯзҳо кори хадамоти танзимгарии садамавии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби кормандони роҳбарикунанда навбатдорӣ ташкил гардидааст. Айни ҳол дар тамоми минтақаҳои шаҳр гурӯҳҳои батанзимдарории реҷаи интиқоли гармӣ фаъолият менамоянд ва чорабиниҳо оид ба пайваст кардани иншооти дигар ва иҷрои корҳои ба танзим даровардани реҷаи гармидиҳӣ идома доранд. Масъулони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими имсола кӯшиш менамоянд, то ки бо заҳмати худ хонаҳои мардумро гарму чароғон созанд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 1331
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед