logo

сиёсат

КОНСЕПСИЯИ «КАМАРБАНДИ АМНИЯТӢ». ТАТБИҚИ ОН ДАР АТРОФИ АФҒОНИСТОН ЧӢ ЗАРУРАТ ДОРАД?

 
Таъмини сулҳу субот ва амният яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Шоҳиди ҳолем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ, аз қабили ифротгароию терроризм, қарор дорад. Бар пояи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, миллионҳо нафар дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён хислати фаромарзӣ гирифта, дар ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон реша давондааст. Аз ин дидгоҳ, моро зарур аст, ки равишҳои нави муқовимат ба экстремизму терроризмро пайдо намоем. 
 
ТОҶИКИСТОН МИНТАҚА ВА  ҶАҲОНРО АЗ ХАТАРИ  ПАҲНШАВИИ ТЕРРОРИЗМ  ЭМИН МЕДОРАД
Дар ҳамин ҳол, бори сеюм аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баландро оид ба экстремизму терроризм мизбонӣ кард. Дар ҳамоиши ахир, ки таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18 – 19 октябр) доир гашт, намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронс, дар баробари дигар масъалаҳо, татбиқи Консепсияи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистонро ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ донистанд. Бори аввал нест, ки Пешвои миллат оид ба мавзуъ сухан мегӯянд ва бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 1998 дар Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати “эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” таъкид карда буданд. Бешубҳа, дар шароити кунунии кишвари Афғонистон, ки бо Тоҷикистон 1400 километр сарҳади муштарак дорад, бояд ин идея фавран амалӣ гардад. Давлатҳои ҳаммарзи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба ин масъала набояд бетафовут бошанд. Ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад. 
Коршиносон ба ин назаранд, ки идеяи «камарбанди амниятӣ» то замони вуруди неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон (2001) аҳамият дошт. Баъди суқути ҳукумати аввали ҳаракати “Толибон” дар Кобул, умедвориҳое дар мавриди эҳтимоли таъсиси як ҳукумати дунявӣ дар Афғонистон вуҷуд дошт ва аз ин рӯ, ташаббуси эҷоди «камарбанди амниятӣ” фаромӯш гардид. Аммо дубора ғасби ҳокимият аз ҷониби “Толибон” тобистони соли 2021, тарафдорони эҷоди камарбанди амниятиро дар гирдогирди Афғонистон бештар кард. 
Ба андешаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, бар асари шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад ҳодисаҳои Афғонистон метавонад пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна ба бор оранд. Буҳрони имрӯзаи ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад.  
 – Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст ва яке аз пешниҳодҳои муҳими Пешвои миллат дар ин самт ташкили «камарбанди амниятӣ» дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо ин мамлакат аст, зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки бесуботӣ дар он ба тамоми давлатҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад, - таъкид кард Хайриддин Усмонзода.
Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, имкони ба лонаи террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, зеро ба ҷуз аз «Ал-Қоида» ва ДИИШ, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ, Хатиба Имом ал-Бухорӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” рӯйи саҳна омадаанд. 
Ба ин хотир, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иброз дошт: “Марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳимояти ҷаҳонӣ аз терроризм ниёз доранд. Зеро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон  созмонҳои террористии хатарноктарин, ки дар ҷаҳон маълуманд, фаъолтар мешаванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои террористон осебпазир боқӣ мемонанд, бахусус Тоҷикистон, ки  бо  Афғонистон ҳаммарз  аст. Бо назардошти тулонияти зиёд ва ҷойгиршавии мураккаби ин минтақа, вуруди террористон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар равшантар мешавад. Аз ин рӯ, қарори ҳифзи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои муштараки байналмилалиро тақозо мекунад”. 
 
ТЕРРОРИСТОН ЗЕРИ НИҚОБИ “ГУРЕЗА”
Шоҳиди ҳол будем, ки, пас аз ғасби ҳокимият аз ҷониби “Толибон”, мардуми зиёде аз Афғонистон фирор карданд. Ин ҳолат боис мешавад, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ зери ниқоби гурезаҳо ба кишварҳои дигар ворид шуда, вазъи онҳоро муташанниҷ гардонанд. 
Ба андешаи Хуршедулло Камолов, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тибқи Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо (соли 1951), ҳамаи кишварҳои узви СММ муваззафанд, то гурезаҳоеро, ки дар давлатҳояшон ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад, қабул кунанд. Аммо набояд ин далелро ҳам сарфи назар кард, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҳунари миёни издиҳом ворид шудану пинҳон кардани ҳувияти худро балад ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир вуруди террористон зери ниқоби гуреза ба ҳеч ваҷҳ назорат карда намешавад. Ба ҳамин тариқ, онҳо метавонанд аз Афғонистон берун шаванд. Ин хатари ворид шудан ва таъсиси ячейкаҳои ифротиро ба вуҷуд меоварад ва он, пеш аз ҳама, ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. 
 
АФЗОИШИ МАВОДИ МУХАДДИР  
Феълан, дар Афғонистон фақр ва бекорӣ босуръат меафзояд. Кишвар дар таназзули иқтисодӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар, ба қавле,  манобеи алтернативии зиндагӣ барои сокинони Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ин, дар навбати худ, боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар мамолики ҷаҳон мегардад. Гумон аст ҳаракати иртиҷоии “Толибон” аз даромаде, ки бар асари парвариши афюн ба даст меорад, даст кашад. Ин нукта бебаҳс аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сарчашмаи асосии маблағгузории терроризми байналмилалист. 
Тибқи таҳлилҳои СММ, суръати тавлиди афюн дар Афғонистон сол ба сол меафзояд. Ин ҳама дар ҳолест, ки “Толибон”, баъд аз ғасби ҳокимият, бо судури як фармон кишт, истеҳсол ва харидуфурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнуъ эълон намуданд. Вале мо акси ҳол ва вазъи бисёр нигаронкунандаро мебинем.
Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳокимияти ҳаракати “Толибон” аз Афғонистон воридоти зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон пешгирӣ гардид, ки соли 2020 ин нишондод 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод. Гузашта аз ин, дар шаш моҳи соли равон 14 қочоқбари хориҷӣ дастгир шуд, ки шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. 
 
ЧАРО “КАМАРБАНДИ АМНИЯТӢ” ЗАРУР АСТ? 
Пеш аз ҳама, бо мақсади ҷилавгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар доираи ин Консепсия, хадамоти марзбонии мамлакатҳои ҳаммарзи Афғонистон бояд ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба кишварҳояшон ворид шаванд. Зеро таъмини амнияти марзи як кишвар дар мисоли Тоҷикистон ба манфиати ҳамаи кишварҳост. 
Пешгирӣ ва назорат барои содироти маводи нашъаовар, чунки Афғонистон дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи ҳероин ба ҳисоб меравад. Азбаски таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҳукумати “Толибон” на танҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дигар кишварҳои ҳамсоя ҳам дахл доранд, ташаббуси таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар шароити кунунӣ метавонад таконе ба раванди нави ҳамгироӣ гардад. Масалан, агар Покистон дар ин иттиҳод набошад, пас бояд дар атрофи он ҳам, камарбанди амниятӣ бунёд шавад, зеро эҳтимоли густариши терроризму ифротгароӣ тавассути қаламрави Покистон имконпазир аст. Бо ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир ҷои мусоид барои ҳузур ва фаъолияти дилхоҳ гурӯҳи ифротгаро мебошад. Ин дар ҳолест, ки пас аз суқути ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, Афғонистон ба макони нави истиқрори ҷангиёни ин гурӯҳ табдил шуд. Ҳукумати феълӣ тавони комилан таҳти назорат гирифтани қаламрави Афғонистонро надорад ва ин ҳолат ба созмонҳои ифротӣ имкон медиҳад, ки ин кишварро ҳамчун пойгоҳ барои ташаккул ва муттаҳидсозии неруҳои худ истифода баранд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2022    №: 217    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед