сиёсат
1992. ИҶЛОСИЯ ВА ОҒОЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарории иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд. Он дар таърихи кишвар ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд.
Лозим ба таъкид аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ гузаронда шуд. Шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба зимма гирифта, ба воситаи Шурои Олӣ онро хостанд ифода намоянд. Баҳри ноил гардидан ва барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷаласа баргузор гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро муайян кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки аз байни даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар иҷлосияҳои Шурои Олӣ нақши муасир мебозид. Ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Суханрониҳо ва фаъолияти амалияш дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ гардиданд.
Дар лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти давлат ва халқи Тоҷикистон ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат, натарсидан аз душвориву хатарҳои мавҷуда, эътимод ба ояндаи неки давлат ва халқи худ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба инкишоф мубаддал гардонид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пайгиронаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шаванд. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Афви умумӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама, орду равған, зиёд намудани музди меҳнат, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳалли худро бояд меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо, аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда мешуданд. Бо таъбири дигар, метавон гуфт, ки давраи нави қонунгузории кишвар аз ин Иҷлосия оғоз гардидааст. Яъне, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд; сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт; хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд; тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт; самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд; мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро аниқ сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Дар ҳақиқат, Иҷлосия аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, ҳизбию маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар донист. Баррасии масъалаҳои муҳим дар он даврон осон набуд. Ба раванди ҳодиса ва воқеаҳои баамаломада баҳои воқеӣ дода, манфиати миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо боло гузошта, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ҷасорат, иродаи қавию вақти зиёдро талаб менамуд...
Хушбахтона, баъди барқарор гардидани сулҳу салоҳ, Тоҷикистон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза рӯ ба тараққӣ ниҳода, пайваста талоши онро дорад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз давлатҳои рушдкунандаи олам мубаддал гардад. Имрӯзҳо ба кишвари шукуфон табдил гардидани Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки солҳои наздик рушди боз ҳам бовусъат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият моро интизор хоҳад буд.
Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, сарфи назар аз синну сол, вазифа, қавм, авлод, маҳал, табақаи иҷтимоӣ ва динии худ бояд, ҳатман ба рӯзҳои гузаштаи худ, хусусан таърихи Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки имрӯзҳо дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди он қарор дорем, назар андозему онро омӯзем ва дарк намоем, ки муваффақиятҳои имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Фаромӯш набояд кард, ки миллати баистиқлолрасидаи тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар гузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси на ин ки хисороти моливу ҷонӣ гашта буд, балки ҳатто ба мавҷудияти мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Илёс ҒАФФОРЗОДА,
муовини ректори ДМТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2022 №: 217 Мутолиа карданд: 925