Хабарҳо
Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷиаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз бавуқуъомада, ибрози таслият намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷруҳон шифои комил орзу намуд.
Мулоқоти се насл
Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагону Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ зери унвони “Мулоқоти се насл” баргузор гардид.
Муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Худойқул Ҳамроқулов ва Абдуваҳҳоб Саидмуродовро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҳти Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулоти амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба вуҷуд овард. Дар Иҷлосия Ҳукумате арзи вуҷуд намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад.
Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллӣ Конфронси ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Дар он раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Ато Ҳамдам, иштирокчии иҷлосия, собиқ муовини раиси вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Карамулло Одилов иштирок ва маъруза карданд.
Дар доираи Конфронс китоби тозанашр таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» рӯнамоӣ гашт.
– Дар китобе, ки ҳамакнун дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» ва сиюмин солгарди Иҷлосияи мазкур чоп гардид, бардоштҳои зиёде аз иштирокдорони он ва паҳлуҳои зиёди ногуфтаи ин рӯйдод ба қалам кашида шудаанд. Ғайр аз мақолаҳое, ки таърихи начандон дури моро бозгӯӣ мекунанду хизмату иқдомҳои падаронаву пешвоёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамон давраи хеле ҳассос барои ҷавонон муаррифӣ менамоянд, ҳамчунин, ин асар фарогири бахшҳоест, ки бе муболиға қимати адабии онро боло мебаранд», – гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Дар охир ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадр шуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл вохӯрд. Ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят менависад, ки Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро изҳор дошт. Таъкид шуд, ки дар вилоят захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд. Аз ҷумла, барои обёрии заминҳои бекорхобида, метавон лоиҳаҳои навро таҳия ва татбиқ кард, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 18982