барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Таъзия ва таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2022 №: 218 Мутолиа карданд: 1167