logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ПАЙКИ БАҚОИ МИЛЛАТ Ё РОҲБАРЕ АЗ ДИЛИ МАРДУМ ВА АЗ ТАБОРИ ОФТОБ

Барои халқ, Ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.
 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба истиқлол расидани кишварҳои он, дар аксари ҷумҳуриҳо парокандагӣ, бесарусомонӣ ва мухолифат байни қувваҳои дохилӣ ба вуҷуд омада, талошу кӯшишҳои гурӯҳҳои алоҳида ва ҳизбу ҳаракатҳои ба тозагӣ таъсисёфта барои расидан ба қудрат ва ба даст овардани ҳокимият зиёд гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шароити ниҳоят ҳассосу душвор қарор гирифта, бино бар фалаҷ шудани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, муноқишаҳои дохилӣ ва тезутунд гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, хатари барҳам хӯрдани давлат ва парокандагии миллат ба вуҷуд омад. Гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумат бо мақсади ба амал баровардани ҳадафҳои сиёсии худ, бо ҳар роҳу восита вазъро дар пойтахт ноором сохта, талаботи сиёсии худро пешниҳод мекарданд. Кор то ҷое расид, ки онҳо барои расидан ба мақсад бо роҳи зиёд кардани тарафдорони худ аҳолии осоиштаро аз минтақаҳои гуногуни кишвар, алалхусус кишоварзони деҳотро, ба пойтахт даъват ва майдоннишиниро оғоз карданд. Қисми зиёди майдоннишинҳо моҳияти гирдиҳамоиро сарфаҳм нарафта, бо дастури роҳбаладон ва ташкилкунандагони майдон дар қатори дигарон дар назди роҳбарияти Ҳукумат талаботи нав ба нав мегузоштанд. Вазъ рӯз аз рӯз душвору мураккаб гардида, хатари ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар таҳдид мекард. 
Нотавонбинон, гурӯҳҳои хурофотпараст ва душманони дохилӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ, ки истиқлоли кишварро намехостанд, бо мақсади нишон додани нотавонӣ ва фалаҷ будани Ҳукумат, ҳамзамон, тарс додани мардум аз силоҳ кор гирифта, қасди ҷони шахсиятҳои сиёсӣ ва ходимони давлатиро мекарданд. Онҳо барои ба қудрат расидан, ба амалу кирдорҳои ваҳшиёна ва хиёнаткорона даст зада, ҷиноятҳои вазнин содир менамуданд. Дар муддати начандон зиёд чандин нафар ходимони сиёсӣ, низомӣ, табибон, журналистон, аҳли фарҳанг, аз ҷумла Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Сафаралӣ Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналӣ ва дигарон дучори иғвою дасисаҳои гурӯҳҳои зидди Ҳукумат гардида, аз дасти онҳо ба ҳалокат расиданд. Мухолифон бо ин амалҳои ноҷавонмардона бар зидди ҳамватанони худ ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ то ҷое муваффақ гардиданд. 
Мутаассифона, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ то ҷое фалаҷ гардида, роҳбарон ва кормандони ниҳоди номбурда низ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд. Қисме ба савганди худ хиёнат карда, дар муқобили сиёсати давлат қарор гирифтанд. Силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба дасти одамони тасодуфӣ, шахсони ҷинояткор афтода, барои онҳо воситаи қасосгирӣ ва манбаи ғорату даромад гардид. 
Вазъият дар пойтахти кишвар ва Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ниҳоят вазнин буд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст бештар дар ин ду мавзеъ амал карда, ба раванди бомароми ҳаёти мардум халал эҷод мекарданд. Аз як тараф, агар ба ҳаёти одамон хатар таҳдид мекард, аз ҷониби дигар хатари гуруснагӣ фаро гирифта, норасоии озуқаворӣ ба назар мерасид. Аҳолиро руҳияи ноумедӣ фаро гирифта, бисёриҳо аз минтақаҳои даргир, алалхусус пойтахти мамлакат, ба ҷойҳои нисбатан ором кӯч бастанд. 
 
Дар чунин шароиту вазъият, ки хатари аз байн рафтани давлату парокандагии миллат ногузир буд, норозигӣ ва эътирози сокинони кишвар афзуда, аз Ҳукумат талаб мекарданд, ки ҳарчи тезтар роҳи бетартибиҳо, зӯроварӣ ва содиршавии ҷиноятҳои вазнин гирифта, вазъият ба эътидол оварда шавад. 
Ниҳоят бо иқдому ташаббусҳои шахсони бонангу номус ва оқилу ғамхори Ватан, ҳамзамон, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ тасмим гирифта шуд, ки иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ баргузор карда шавад. Дар он вазъияти ниҳоят душвор ва ноустувор, гузарондани чунин як Иҷлосия дар шаҳри Душанбе ғайриимкон буд, зеро касе кафолати дар фазои орому бидуни дахолат баргузор гардидан ва таъмини ҳифзи ҳаёти вакилон – иштирокдорони иҷлосияро дода наметавонист. Ҳаёти шахс барои нафарони хиёнаткор, душманони миллат ва тоифаи ҷинояткор арзише надошт.
Бинобар ин, қарор дода шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад. Бо вуҷуди мухолифати баъзе вакилони мардумӣ, ниҳоят ин пешниҳод дастгирӣ ёфт ва Иҷлосия 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 193 нафар вакили халқ, фармондеҳони саҳроӣ, роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Фронти халқӣ, кори худро оғоз намуд. Дар ҳамин ҳол, теъдоди муайяни вакилони мардумӣ, аз сабаби тарсу ҳарос, дар Иҷлосия иштирок накарданд. 
Воқеан, сарҷамъ овардани вакилон, қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи дар сангарҳои муқобил ҷойгирбуда кори саҳлу осон набуд. Ҳадаф аз даъвати онҳо ба Иҷлосия ин талош барои расидан ба оштии миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, қатъи муқовимати мусаллаҳона ба муқобили якдигар, расидан ба сулҳи сартосарӣ ва дасти ҳамдигарро гирифтану кишварро обод намудан, иборат буд.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосия, интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар он вазъияти хеле мураккаб, ноустувор ва муҳити баҳсбарангезу мухолифатомези қувваҳои сиёсӣ на ҳар кас барои масъулияти роҳбарии як кишвари ҷангзадаву харобгардида ва дар буҳрони иқтисодиву молиявӣ фурӯрафтаро ба дӯш гирифтан мехост. Ҳатто дар сохторҳои давлатӣ барои ба уҳдадории чандин вазифаҳо, аз қабили роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла вазифаҳои прокурор, вазирони корҳои дохилӣ, мудофиа, амният, инчунин, мансабҳои шаҳрвандӣ бисёриҳо даст кашиданд.
Ҷасорат, диловарию мардонагӣ, ғурур ва нангу номуси миллӣ дар замири вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки намояндагони аҳолии кишвар ба тарафдории ӯ барои интихоб ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд, зеро мавқеи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як фарди таҷрибадор, болаёқату боистеъдод, сиёсатмадор ва ташаббускору роҳнамои зиндагӣ замони ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб кор карданашон, хеле возеҳу равшан аён гардид. 
Интихоби ин шахсияти фарзона ба мақоми олии роҳбарӣ гардиши куллиеро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард. Баъди таъсиси Ҳукумати нав тасмим гирифта шуд, ки ҳарчи зудтар сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро дар пойтахти кишвар оғоз кунанд. Вале аксарияти намояндагони мардумӣ мухолифи интиқоли Ҳукумати тозаинтихоб ба шаҳри Душанбе буданд ва тавсия медоданд, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ аз Хуҷанд идора карда шавад. Ҳатто дар байни намояндагони мардумӣ зиёд нафароне буданд, ки сулҳро намехостанд ва кӯшиш мекарданд, дар байни мардум кинаву адоват ва ҳиссиёти маҳалгароиву бадбиниро барангезанд, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. 
Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вакилонро оид ба аз шаҳри Хуҷанд идора кардани давлат қатъиян рад карда, дастур доданд, ки бояд сохторҳои ҳукуматӣ дар пойтахт ҷой гирифта, таваҷҷуҳи худро барои ҷорӣ кардани тартибу низом ва таъмини фаъолияти бомароми корхонаву муассисаҳо равона намоянд. 
Барои муқовимат нишон додан ба душман ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ иқтидори ҳарбии мамлакат дар ҳолати ногувор қарор дошт. Мо ҳанӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадиро надоштем, ки моро аз ҳуҷуми қувваҳои беруна ва дохилӣ ҳифз намояд, зеро пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба Тоҷикистон аз техникаву лавозимоти ҷангӣ ягон дастгоҳу таҷҳизот ва корхонаи обод ба мерос намонда буд. Бояд иқтидори ҳарбию низомии кишварамон аз сифр оғоз мегардид. Дар чунин ҳол, бо азму талош ва кӯшишҳои зиёди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷой ва макони холӣ, бе доштани техникаи ҳарбӣ ва хазинаи холӣ таъсис ва ташкил шуданд.
Нарасидани мутахассисони соҳавӣ, алалхусус, низомӣ, аз мушкилоти асосӣ дар таҳкими иқтидори ҳарбии давлат ба шумор мерафт. Ҳатто вазири мудофиаи кишвар А. В. Шишлянников аз дигар давлат даъват ва ба ин вазифаи масъулиятнок таъин шуд. Баъдан бо ибтикору ташаббуси Сарвари давлат бо мақсади омода кардани кадрҳои маҳаллӣ Донишкадаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва курсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълими ҳарбии кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд.
Аз рӯзи аввали ба иҷрои вазифа шуруъ кардан, Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Аз баёни ин суханони ҳикматомез ва барои сокинони Тоҷикистон боарзиш бармеояд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, нахуст барои пойдории давлати тоҷикон, ҳифзи истиқлол ва барқарории сулҳу субот кору амалҳои беназирро анҷом доданд. 
Бо мақсади аз парокандашавӣ наҷот додан ва сарҷамъ кардани мардум, мебоист ҳамватаноне, ки бо тақозои вазъияту шароит ва тақдир берун аз Ватан рафта буданд, баргардонда шаванд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои бисёр ҳассосу муҳиме, ки дар назди Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин ҳарчи тезтар баргардондани гурезагони тоҷик, ки ба хориву зорӣ дар Афғонистони ҳамсоя умр ба сар мебурданд, ба шумор мерафт. Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Афғонистон, ки ноорому муташанниҷ буд ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар аксар вулусволиҳо идома доштанд, мақсади сафар ба ин давлатро карданд. Вале ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ бо назардошти авзои сиёсӣ ва ҷангҳои дохилӣ байни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ба Афғонистон сафар карданро ғайриимкон меҳисобиданд. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳдиду хатарҳо нигоҳ накарда, 10 декабри соли 1996 ин сафарро анҷом доданд.
Дар мулоқот бо намояндагони мухолифини тоҷик дар Афғонистон Президенти мамлакат бо як ҳисси дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ аз онҳое, ки дар мулки бегона бо душворӣ ва азобу машаққат зиндагӣ карда, аз гуруснагиву беморӣ ҷон медоданд, ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Дар як Мазори Шариф яку ним ҳазор мардуми мо мурдааст. Ин нанг бар мардуми мо нест? Ҳазорҳо-ҳазорҳо мурдаанд, гӯристонҳои нав пайдо шудаанд. Ҳазорсолаҳо мегузаранд, моро таъна мекунанд. Ҳар нафаре, ки гузарад, мегӯяд: Ин гӯристони гурезаҳои тоҷик аст».
Баъдан, идомаи гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Алма-Ато (соли 1995), Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Москваи Федератсияи Россия (соли 1997) баргузор гардид. Дар натиҷа бо талошу кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, ваҳдати миллӣ ба даст омад.
Бо вуҷуди талошҳо ва ранҷу заҳмат кашидан дар ҷодаи ба як давлати воҳиду мутараққӣ расидан, дар тули даврони соҳибистиқлолӣ хиёнаткорон ва душманони миллат борҳо қасди табаддулоти давлатӣ карданд. Аз ҷумла, ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (Бохтар), Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар соли 1998, Назарзода Ҳалим ба шаҳри Ваҳдат ва Душанбе соли 2015, ки боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардид, нишони хиёнат ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ мебошад, ки мехостанд кишварро ба парокандагӣ ва нобудӣ баранд. Хушбахтона, онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, қисме дастгиру боқимонда шармандавор Тоҷикистонро тарк карданд.
Яке аз ташаббусу иқдомоти бомаврид ва саривақтии Сарвари давлат дар солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири рафъи гуруснагӣ ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа, ин тақсимоти замин ба аҳолӣ буд. Ҳарчанд, баъзе шахсиятҳо ва намояндагони мардумӣ муқобили ин ташаббуси Сарвари давлат баромаданд. Аммо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ 9 октябри соли 1995 №342 ва 1 декабри соли 1997 № 874 беш аз 75 ҳазор гектар заминро ба аҳолии деҳот барои истифода тақсим карданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби замин, ҷойи кор ва даромади молиявӣ гардиданд. 
Дигар аз хидматҳои бузургу бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», муттаҳид ва сарҷамъ овардани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамзабонони мо аз кишварҳои Россия, Амрикову Канада, Ҳиндустону Покистон, Англия, Исроилу Олмон ва Эрону Афғонистон даъват мешаванд, ки дар пайванди фарҳангу тамаддуни оламшумул, осору таърих ва фарҳангу адабиёти куҳану ҷаҳонгири тоҷикон нақши арзанда мегузорад.
Талошҳои пайгирона, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва эътимод ба фардои дурахшон имкон дод, ки тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд ва миллатдӯсту ватанпарвар ба орзуи деринаи худ бирасанд.
Соли 2005 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ – Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд, ки дар байни сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин аст.
Воқеан, сулҳи тоҷикон сулҳи бесобиқа ва беназир аст. Ваъдаи Сарвари давлати тоҷикон «Ман ба шумо сулҳ меоварам» дар ҳаёт амалӣ гардид ва ин фазилати сулҳофарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кишвари ҷангзада ва дар вартаи ҳалокат қарордоштаро умри дубора бахшид ва Тоҷикистон имрӯз дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифта, бо ташаббусу иқдомҳои созандаву бунёдкорона ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад. 
Сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи дунё баҳои баланд гирифтааст. Чунончи, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия ба шахсияти Сарвари маҳбуби давлати мо чунин баҳо медиҳад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми талошҳои ӯ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳеро мегузарад, ки амсоли он дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, дар кишварҳое, ки гирифтори муборизаи шадиданд. Он чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми мардумону кишварҳо намунаи хубест». Ё худ Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид чунин гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод». 
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ, неруи ақлонияшонро барои осоиши мардум, рушду тараққиёти мамлакат, ободии Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори пурсаодати сокинони диёри азизамон сарф намуданд, ки имрӯз кулли сокинони Тоҷикистон аз ин абармарди саҳнаи сиёсат, кафили сулҳу субот ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон сипосгузоранд.
 
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2022    №: 219    Мутолиа карданд: 1033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед