logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

 
Ғаллакорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, бозори истеъмолӣ бо ғаллаи хушсифати ватанӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, ҳар сол олимони соҳа барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ роҳу усулҳои навро ҷустуҷӯ мекунанд.
 
Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, Данғара дар соҳаи ғаллакорӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар сиёсати аграрии кишвар нақши ҳалкунанда мебозад. Имсол ғаллакорони ноҳия дар ҳамдастӣ бо олимони соҳа аз навъҳои тухмиҳои хушсифати «Садоқат», «Ласточка», «Краснодар-99», «Фарғона» ва тухмии маҳаллии «Ормон», ки ба иқлими ноҳия мутобиқанд, истифода бурда, дар мавсими ҷамъоварӣ ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ комёб гаштанд. Онҳо аз майдони 27 ҳазору 589 гектар зиёда аз 92 ҳазору 55 тонна ғаллаи хушсифат ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 33 сентнер расонданд. 
Дар ин ҷода саҳми кооперативҳои истеҳсолии «Сомонҷон», «Раҳмонҷон» ва «Муҳсинҷон» хеле назаррас мебошад. Ҳамзамон, барои аз зимистони солҳои 2022-2023 солиму фарбеҳ ва бо маҳсулнокии баланд баровардани чорвои ҷамъиятӣ кишоварзони ноҳия то имрӯз ба миқдори 143,1 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 6 ҳазору 135 тонна хӯроки ширадори силос захира намудаанд. 
– Ҳоло дар ноҳия шудгори заминҳо бомаром идома дошта, кишоварзон аз тамоми техникаҳо самаранок истифода мебаранд. Онҳо мақсад доранд, ки барои ҳосили пурғановати соли оянда таҳкурсии боэътимод гузошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта, истеҳсоли ғалларо ба 100 ҳазор тонна расонанд. То имрӯз 4 ҳазору 680 гектар замин дар асоси қоидаҳои агротехникӣ шудгор шудааст, – афзуд Каромиддин Холзода.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 16963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед