Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР “Новости”. Рӯзномаи “Financial Times” менависад, ки кишварҳои G20 истифода аз силоҳи ҳастаӣ ё таҳдиди истифодаи онро ғайри қобили қабул медонанд, инчунин, ҳалли мусолиматомези низоъҳо, талошҳо барои ҳалли буҳронҳо, дипломатия ва муколамаро ҳаётан муҳим мешуморанд.
Известия. Роҳбари Шурои Аврупо Шарл Мишел зимни нишасти матбуотӣ дар чаҳорчӯбаи саммити G20 изҳор дошт, ки беҳтарин роҳи ҳалли буҳрони ғизо ва энергетика ҳалли низоъ дар атрофи Украина аст.
Известия. Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА таҳримҳои кишоварзӣ алайҳи Россияро сабуктар карданд, то раванди дастрасии маводи ғизоӣ ва нуриҳои Россия ба бозорҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ осон гардад ва ба ин васила, аз гуруснагӣ дар ҷаҳон ҷилавгирӣ намоянд.
ТАСС. Котиби матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков иттилоъ дод, ки бо ташаббуси ҷониби ИМА музокироти Россияву Амрико 14 ноябр дар Анкара баргузор шуд. Песков мавзуи суҳбатро ифшо накардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 18507