logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАРКАЗИ ТАБОБАТИЮ  СОЛИМГАРДОНИИ “СОҲИЛ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдулло Абдуллоев таъсис дода шудааст. Масоҳати бинои иловагӣ 1800 метри мураббаъ буда, аз 3 ошёна иборат аст. Шумораи кормандон 30 нафар буда, бо бунёди бинои нав  ба 45 нафар расид. Дар бинои нави иловагӣ 15 ҳуҷраи табобатӣ таъсис ёфта, бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили фитобочка, барокамера, озонотерапия, карбокситерапия ва табобати зарбавӣ-мавҷӣ (УВТ) муҷаҳҳаз гардидааст.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ, асосан аз Федератсияи Россия ворид гашта, зиёда аз 35 намуди табобат бо истифода аз онҳо ба роҳ монда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагӣ аз тарафи корхонаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ариана-Л” моҳи октябри соли 2021 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли 2022 ба итмом расидаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маош таъмин гардид.
 Марҳилаи аввали Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” соли 2010-ум бо 70 ҳуҷраи хоб ва аз 7 то 10 намуди табобат ташкил шуда буд. Соли 2017 бинои дигар бо 60 ҳуҷраи хоб ифтитоҳ ёфта, намуди табобат аз 10 ба 25 расид. Ҳамон вақт шумораи коргарон 30 нафарро ташкил медод.
Баробари бунёди бинои иловагӣ дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи тадбирҳои солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ гардид, 15 ҷойи корӣ таъсис ёфта, 36 ҳуҷраи хоб барои 72 нафар табобатгиранда бо шароити муосири табобату солимгардонӣ муҳайё гашт.
Баъди ифтитоҳи бинои нав ва шиносоӣ бо шароити табобату солимгардонӣ дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.
 
КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГИИ “МАҲИНА” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Коргоҳи дӯзандагии “Маҳина” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи 2-ошёна аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дорои 30 дастгоҳи замонавист. Коргарон бо истифода аз онҳо либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, ҳарбӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона медӯзанд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Маҳина” баҳри ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин дар муддати як сол бунёд ёфтааст ва дар он ҳамарӯза 50 ҷуфт сарулибоси гуногун дӯхта мешавад. 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардиданд.
Ба андешаи соҳибкорзан, онҳо қаблан ба таври иҷора фаъолият менамуданд ва дӯхти сарулибоси гуногунро дар хонаҳо ва коргоҳҳои хурд иҷро мекарданд. Акнун дар баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи наву замонавӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, барояшон имконияти хуби кор фароҳам гардид.
Занону духтарон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷаннатой Абдалиева чандин сол аст, ки ба дӯхти либосҳои гуногун машғуланд ва нозукиҳои онро аз худ кардаанд. Маҳсулоти коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш, ҳамчунин, ба дигар бозорҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чеварӣ, пойафзолдӯзӣ, пухтупаз ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳои дарсии маркази ҳунаромӯзӣ бо шароити хуб таъмин мебошанд. Марказ имкон дорад, ки ҷавонони бешуғлро ба курсҳои аз 3 то 6-моҳа ҷалб намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорбонуи ватандӯст ҷиҳати таъсиси чунин коргоҳ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва бо сифати хуб ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси гуногуни ватанӣ баҳои арзанда доданд.
 
КОРГОҲИ ПОЙАФЗОЛБАРОРИИ “МАҲИНА” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”"-ро дар шаҳри Гулистон ба истифода доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорбонуи ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар овардаанд. Тавассути дастгоҳҳо дар як рӯз зиёда аз 300 ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳ бештар аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Ашёи хом дар шакли чарм аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуди пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ дӯхта мешавад. Бинои коргоҳ 2-ошёна буда, маҳсулоташ ба талаботи замон ҷавобгӯ аст ва он ҳамчун ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад.
Ҳангоми шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти тайёр таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва, ба ин восита, саҳмгузорӣ дар истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти ивазкунандаи воридот ҳидоят намуданд.
Бонуи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иқтисодии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои нави коргоҳи истеҳсоли ашёи хом, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд.
Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар шаҳри саноатии Гулистон аввалин ба шумор рафта, маҳсулоти он ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интиқол меёбад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ, ки дар маҷмуъ, 50 намудро дар бар мегиранд, дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ ва истеҳсоли сарулибоси гуногун дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд аст ва соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳу корхонаҳои нав таъсис дода, дар рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳм гузоранд.
 
МТМУ №28 ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  
Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои Муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, муҷаҳҳазсозии он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом пазируфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 наздики 1300 нафар хонандаро фаро мегирад.
Дар иншооти нав барои омӯзиши касбу ҳунар синфхонаҳои алоҳидаи духтарона ва писарона ташкил гардида, 1 кабинети алоҳида барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Омӯзиш дар ин синфхонаҳо бо назардошти талаботи замони муосир ва усулҳои эътирофгардида гузаронда мешавад. Ба хотири сифатан беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ, дар бинои нави муассиса 3 лабораторияи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои зарурии таҷрибаомӯзӣ барои гузарондани таҷрибаҳои химия, физика ва биология бунёд ёфтааст. Таълимгоҳ, ҳамчунин, дорои 2 синфхонаи алоҳидаи технологияи иттилоотӣ буда, он ба хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад.
Иброз гардид, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ, дар Муассиса китобхона бо толори хониш ва китобхонаи электронӣ ташкил гардида, хонандагон ба махзани бойи китобҳо дастрасӣ доранд.
Дар иншооти нав маҷлисгоҳ барои гузарондани вохӯриву чорабиниҳо бо 160 ҷойи нишаст, толори варзиш, ошхона, машқгоҳи тирандозӣ ва ҳуҷраи тиббӣ маъво гирифтаанд.
 Бояд зикр кард, ки бинои қаблии Муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар маркази шаҳр бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, гирду атрофи он пурра сабзпӯш шудааст.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба хонандагон тавсия доданд, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш ва техникаву технологияи муосир ҳамеша талош намоянд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ЧОРОШЁНАИ ИЛОВАГИИ 
РАЁСАТИ ВКД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Дар бинои нав тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кормандони мақомоти милитсия фароҳам оварда шудааст.
Иншоот дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар таҳхона бойгонӣ ва комиссияи тестӣ барои муайян намудани лаёқатмандии ҳайати шахсӣ ҷой гирифтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилиро ба иҷрои намунавии уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан вазифадор намуданд.
Қаблан норасоии ҳуҷра ва шароит барои фаъолият яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Акнун кормандони шуъбаи тафтишот, таҳқиқ ва маркази иттилоотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд метавонанд дар шароити замонавӣ фаъолияти худро пеш баранд.
Бинои нав аз 36 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои 100 ҷой, меҳмонхона ва толори варзиш иборат мебошад. Шароити фароҳамшуда ҳавасмандии ҳайати шахсиро барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ дучанд гардондааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ёдовар шуда, зиракии баланди кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҷиҳати таъмини оромии комил ва сулҳу субот тақозо карданд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
 
КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГИ ҶСП «КОРПОРАТСИЯИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ»
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.
Корхонаи коркарди санг дар давоми як сол дар заминаи бинои куҳна дар масоҳати зиёда аз як гектар бунёд гардида, бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз шудааст. Роҳбарияти он ҷиҳати босифат коркард намудани санг ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани сангҳои ороишӣ ба шакл ва андозаи муайян технологияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин овардаанд. 
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корхона иқтидори калони коркардро доро буда, дар он сангҳои хоро, мармар, оҳаксанг ва ғайра бо сифати баланд коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. 
Ашёи хом, асосан, аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хорокони шаҳри Хуҷанд, Агаҷоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Такелии Ғарбии ноҳияи Мастчоҳ, Тиллогул ва Падораи шаҳри Панҷакент меёбад. Корхона иқтидор дорад дар як сол то 30-35 ҳазор метри мураббаъ сангро коркард намояд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркарди санги «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 30 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
Сангҳои ороишии коркардшуда, асосан, дар соҳаи сохтмон ва ороиши биноҳои маъмурию баландошёна васеъ истифода гардида, акнун воридоти он аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ, васеъ ба роҳ мондани коркард ва, ба ин васила, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли чунин сангҳои ороишӣ мавҷуд аст.
Баъди шинос шудан ба раванди истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи сангҳои ороишии корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғдро тамошо карданд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ муаррифӣ шуданд.
 
БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМИИ 
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН 
ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад. 
Бино аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нигина” бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ аз маводи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои то 700 нафар донишҷӯ дар як баст шароити меъёрӣ фароҳам аст.
Дар ошёнаи якум 4 ҳуҷраи таълимӣ, 4 ҳуҷраи корӣ барои устодон, кабинетҳои алоҳидаи Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, маркази таълимии хизматрасонии бонкӣ, синфхонаи “Иқтисодиёт дар замони Истиқлол”, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳи криминалистӣ, маркази шуғли фосилавии парки технологӣ, толори лексионии инноватсионӣ ва студияи сабти барномаҳои телевизионӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ин ҷо барои донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ, аз қабили синфхонаҳои омӯзишӣ, мизу курсиҳои замонавӣ, воситаҳои таълимӣ, компютеру проекторҳо ва дигар таҷҳизоти муосир, ки дар омӯзиши васеи омодасозии мутахассисони баландихтисос зарур мебошанд, фароҳам аст.
Дар ошёнаи дуюм 10 синфхонаи тахассусӣ, маркази тестӣ барои 100 ҷойи нишаст ва толори лексионӣ ҷойгиранд.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар даромадгоҳи маркази нав 4 таҷҳизоти симошиносии муосир насб гардидааст, ки даромад ва баромади ҳар донишҷӯ ё устод тариқи он сабт мешавад. Ин усул аввалин бор дар маркази мазкур роҳандозӣ гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳ дар умум, 140 адад компютери муосири пайваст ба шабакаи баландсуръати интернет, 20 проектор, 20 тахтаи электронӣ, 7 телевизор, 23 камераи мушоҳидавӣ бо сабти овоз, 5 нуқтаи вайфай (wi-fi), 3 таҷҳизоти махсус ва як тахтаи нурӣ бо баландгӯякҳо барои баргузории машғулиятҳои маҷозӣ, аз ҷумла дарсҳои фосилавӣ ва семинарҳо, мавриди истифода қарор доранд. Лавозимоти техникии мазкур ба воситаи ду сервери пуриқтидор идора мешаванд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави Маркази таҳсилоти рақамӣ дар саҳни Донишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ва лоиҳаи ангоравии ҷойгир намудани бинои таълимӣ, маҷлисгоҳ ва биноҳои ёрирасон дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.
Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои истиқоматии баландошёна Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин иншоот санги асос гузоштанд. Бо бунёди бинои нави истиқоматӣ 95 нафар омӯзгори ба манзили зист эҳтиёҷманд, соҳиби хонаҳои замонавӣ мегардад.
Аз рӯи лоиҳа бино аз нуҳ ошёна иборат буда, масоҳати замини барои сохтмон ҷудо гардида 3950 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи бино бо фармоиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳрофар” таҳия гардидааст. Мувофиқ ба лоиҳа бинои сохташаванда, аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, масоҳати умумии ҳуҷраҳо 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа масъулони Донишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии нуҳқабатаи сохташаванда, маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шуда, дар саҳни бино дар масоҳати 860 метри мураббаъ истгоҳи нақлиёт, дар майдони 460 метри мураббаъ ҷойи истироҳату суҳбаткадаҳо барои истиқоматкунандагон ва майдончаи хурд барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар назаранд. Бино дар масоҳати муайяни заминҳои холии дар тавозуни Донишгоҳбуда сохта мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилояти Суғд, ба пудратчии сохтмон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2022    №: 222    Мутолиа карданд: 1132
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед