logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз аввалин кишварҳое буд, ки соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Тоҷикистон Арабистони Саудиро ҳамчун шарики муҳим дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом мешиносад ва ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо он ҳавасманд аст. Робитаи ҳасанаи Душанбе ва Ар-Риёз аз паёмҳои маънавии таърихӣ ва, инчунин, муносибатҳои бародаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ходими Ҳарамайни Шарифайн Шоҳ Салмон ибн Абдулазиз ал-Сауд Шоҳи Арабистони Саудӣ сарчашма мегирад.
Ин нуктаро Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт. 
Ӯ афзуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тайи солҳои сипаришуда масири рушди бемайлонро касб карда, имрӯзҳо бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ ва усулҳои мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн уфуқҳои навро фаро мегирад.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон, сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабистони Саудиро шарики рушди Тоҷикистон унвон намуда, доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, варзиш ва амният, ибрози назар кард. 
Дар чорабинӣ филми мустанад аз рафти ҳамкории 30-солаи ду кишвар ба намоиш гузошта шуд. Қисмати фарҳангиро аҳли ҳунари кишвари дӯст бо сози “Алсимсимия”, ки онро бештар мардуми саҳронишин менавозанд, оғоз намуда, рақси “Мизмор” ва дигар навъи ҳунармандии Арабистони Саудиро ба маъраз гузоштанд. Ҳунармандони Тоҷикистон саҳнаро бо рақсу мусиқӣ ва созҳои тоҷикона ҳусн бахшиданд.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед