logo

Хабарҳо

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

 
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни мулоқоти дуҷониба бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар ҳошияи саммити G20 дар Бали изҳор дошт, ки Чин бар зидди хориҷ кардани Россия аз G20 ва дигар платформаҳои байналмилалӣ баромад кард. 
«Мо хеле шодем, ки шумо шахсан дар саммити G20 иштирок намуда, Россияро дар  он  намояндагӣ мекунед, ин як рисолати хеле пурифтихор аст. Мо аз нақши шоистаи Россия дар G20 ва дигар платформаҳои байналмилалӣ пуштибонӣ менамоем ва бовар дорем, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи оқилонаи Россияро барои ширкат дар форматҳои бисёрҷониба маҳрум созад», – гуфт Ван И.
 
 
СММ: «Аҳолии ҷаҳон ба ҳашт миллиард нафар расид»
АИР «Новости». Созмони Милали Муттаҳид эълом дошт, ки аҳолии ҷаҳон ба ҳашт миллиард нафар расидааст. СММ тавзеҳ дод, ки чунин афзоиш аз ҳисоби минтақаи Осиё, бахусус Ҳиндустон ва Чин, ба даст омадааст.
«Осиё ва Африқо бештари ин афзоишро таъмин кардаанд ва интизор меравад, ки дар соли 2037 ба ин рақам боз як миллиарди дигар зам шавад, дар ҳоле ки саҳми Аврупо ба далели коҳиши аҳолӣ манфӣ хоҳад буд", – омадааст дар изҳороти Созмон. 
Аҳолии Ҳиндустон 177 миллион ва Чин 73 миллион нафар афзуд. Дар баробари ин, тадқиқотчиён таъкид карданд, ки дар оянда ҳиссаи Ҳиндустон дар раванди афзоиши аҳолии кураи Замин фақат меафзояд.  
 
 
Лукашенко: «Беларус фаъолияти худро дар бозори бузурги Россия густариш хоҳад дод»
Мир 24. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо губернатори вилояти Челябински Россия Алексей Текслер изҳорот дод, ки муомилоти мол  байни Беларус ва вилояти Челябинск имсол аз ҳисоби ба ҷумҳурӣ фиристодани металлу маъданҳои фоиданок 20 фоиз афзуд.
Беларус низ тайёр аст, ки ба Урал мол фиристад. “Мо фаъолияти худро дар бозори бузурги Россия тавсеа хоҳем дод. Имрӯз мавзуи воридотивазкунӣ дар мадди аввал аст. Инро чи дар мамлакати шумо ва чи дар мамлакати мо дар дараҷаи олӣ нағз мефаҳманд. Вазифа душвор аст, вале ояндаи мамлакатҳои мо бештар ба натиҷаҳои ҳалли он вобаста мебошад. Мо имрӯз мебинем, ки бо корҳои пурмаҳсул оид ба воридотивазкунӣ ин мушкилотро ҳал хоҳем кард”, – гуфт Лукашенко.
 
 
Боздиди Дабири кулли СҲШ аз Ситоди муштараки СААД дар Маскав 
Мир 24. Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин аз Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав дидан кард. Бино ба иттилои Ситод, Чжан Мин барои ширкат дар 10-умин нишасти ғайрирасмии мақомоти маъмурии СААД, ИДМ ва СҲШ вориди пойтахти Россия шуд. 
Сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров ба меҳмонони ҳайати СҲШ дар бораи рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ, такмили омодагии амалиётӣ ва ҷангии қӯшунҳои дастаҷамъии СААД, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҳарбӣ-техникии СААД маълумот дод. 
Ҳайати СҲШ аз як қатор воҳидҳои сохтории Ситоди муштараки СААД дидан намуда, инчунин, бо экспозитсияи таърихии толори лексияву намоишгоҳ, ки дар Маркази байналмилалии ҳарбӣ ҷойгир аст, шинос шуд. Қаблан СААД тавсеаи зарфияти посдори сулҳи ин созмонро тариқи видеоконфронс баррасӣ карда буд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 25250
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед