Хабарҳо
Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон
Бо қарори Рустами Эмомалӣ Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт, - хабар дод шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр.
Таъсиси ҷоизаи мазкур бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ва амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори раиси шаҳр аз 10 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуд.
Тибқи низомномаи ҷоиза довталабоне ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд, ки синнашон то 30-сола бошад.
Таҷлили ду ҷашни муҳим дар Вазорати корҳои хориҷӣ
– Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ рост меояд ва баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии мамлакат, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ривоҷу равнақ пайдо намуд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Таърих собит кард, ки – тазаккур дод вазир, – он рӯзи тақдирсоз вакилони халқ бо ин амали ояндабинона шахсияти миллӣ, воқеан Пешвои миллатро интихоб намуданд.
Дар чорабинӣ намоиши аксҳо ва филми ҳуҷҷатӣ аз рафти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пешкаш гардид.
Боздиди вакилони Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ аз минтақаҳои вилояти Суғд
Ҷиҳати иштирок дар чорабинии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе гурӯҳи калони меҳмонон, аз ҷумла вакилони Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, шоирону адибон, кормандони ташкилоту идораҳо ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Меҳмонон пас аз иштирок дар конфронси ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ», ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ҶСП «Оби зулол», ҶСК «Қолинҳои Суғд», ҶДММ «Хубҷамъ инвест», корхонаи «Зари Суғд» боздид намуда, бо маконҳои истироҳативу фароғатӣ ва таърихӣ, фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ шинос гардиданд.
Вакили парлумон дар ҷаласаи ИДМ иштирок намуд
Дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи дуюми Шурои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди ин Созмон, ки соли 2020 таъсис ёфтааст, дар ҳайати омехта баргузор гардид.
Дар он баробари вакилони парлумони ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон вакили Маҷлиси намояндагон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф» ва «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» баррасӣ шуданд.
Пешниҳодҳо оид ба самтҳои ояндадори қонунсозӣ дар соҳаи илму маориф, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим, таълими фосилавӣ, роҳнамоии касбии ҷавонон, муқовимат ба зӯроварӣ, нақши оила дар таълиму тарбия, кафолатҳои таҳсилоти кӯдакони муҳоҷир, муайян кардани мақоми олимони ҷавон, танзими масъалаҳои этикаи илмӣ яке аз самтҳои самарабахши қонунгузории намунавӣ дар соҳаи илму маориф ҳисобида шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 24555