logo

сиёсат

ҚАСРИ АРБОБ. БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ОСОРХОНАИ “ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”


16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб идома ёфт.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии Қасри овозадори Арбоб, ки дар таърихи Тоҷикистони навин мақоми хос дорад, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар Қасри маданияти Арбоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ шуд, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуданд.
Дар толори “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият”-и Осорхона маводи нодир ба намоиш гузошта шудаанд. Хусусан, дар толори намоишии “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеаҳои мудҳиши гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии тулонӣ, лаҳзаи риққатовари гаҳвораи бетифл, гиряи талхи модар ва кӯдаки маъсуми ӯ аз бадбахтӣ ва фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тарки манзил кардани ҳазорон нафар сокинони мамлакат, вазъи гурезаҳои иҷборӣ ва даҳҳо манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд.
Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои навору аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.
Ҳамчунин, аксҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудааст.
Нигораи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ба қалами рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, расми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ - кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Сарвари давлат гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст.
Дар доираи навсозии куллии Осорхонаи Қасри маданияти Арбоб ва пешниҳоди маводи маҳфузгардида бо тарҳи муосир, ҳамзамон, дар ин ҷо гӯшаи таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои 10, 15, 20 ва 25-солагии Иҷлосия ва толори баргузории Комиссияи машваратӣ оид ба рафти кори Иҷлосия ташкил карда шудааст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.
Дар толори намоишии “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” бошад, тамоми марҳилаҳои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан расидан ба сулҳу ваҳдати комил, соҳиб гаштан ба рамзҳои давлатдорӣ, пешрафт ва ободии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар заминаи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумат - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят саноатикунонии босуръати кишвар дар ин толори муҳташам дар аксу лавҳаҳои алоҳида ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед