logo

сиёсат

Рустами ЭМОМАЛӢ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 
- Иштирокдорони Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ бо дарки масъулияти олии созандагӣ ба он ноил шуда тавонистанд, ки зимни қабули қарорҳо манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошта шавад.
Яке аз муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, ки ба таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии Ватан равона гардида буданд, ба шумор меравад.
Эътироф бояд кард, ки он замон нафаре пайдо нашуд то зимоми идораи давлатро бар дӯш гирифта, оташи ҷангро, ки рӯз ба рӯз аланга мезад, хомӯш намояд, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз кунад ва умеди барбодрафтаи мардумро ба сулҳу якпорчагии Ватан эҳё созад. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати таърихиро ба зиммаи фарзанди фарзонаи миллат, шахси ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. 
Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ он аст, ки дар марҳилаи навини таърихӣ абармарди дунёи сиёсат, шахсияти миллию мардумӣ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид.
 
 
РАҲМОН Озода Эмомалӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. 
 
Низорамоҳ ЗАРИФОВА, ходими намоёни давлатӣ:
- Дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ Ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои марзбониро таъсис дода, фирориёни иҷбориро ба Ватан баргардонад. Мояи хушнудист, ки давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ Сарвари худро пайдо намуд.
 
Адолат РАҲМОНОВА, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ:
- Амали дурусте, ки дар ин Иҷлосия анҷом додем, ин интихоби Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо итминон метавон гуфт, ки ин Иҷлосия сароғози сулҳу субот дар мамлакат гашт. Сарвари ҷавону тозаинтихоб бо кору пайкори хеш марди фидоии миллату Ватан будани хешро исбот намуданд. Сарвари давлат аз нахустин лаҳзаҳо изҳор доштанд, ки ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам ва то охирин тоҷике, ки дар диёри бегонагон хору забун аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Сарвари давлат қавли додаашонро ҷавонмардона ба ҷо оварданд. Оромию осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистон бо номи ҳамин сиёсатмадори барҷаста тавъам аст.
 
Рафиқа МӮСОЕВА, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ:
- Хуб дар ёд дорам, лаҳзаҳоеро, ки баъди эълони натиҷаи овоздиҳӣ доир ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷаласа аз ҷой бархоста, бо як овоз ва кафкӯбии бардавом ҷонибдории худро аз роҳбари тозаинтихоби кишвар изҳор доштанд. Хеле ҳаяҷонбахш буд лаҳзаи ба минбар баромадану суханронии нахустини Эмомалӣ Раҳмон. Он лаҳзаҳо тамоми толорбудагон ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо як ҳаяҷони зиёд чашму гӯшу ҳуш ба сӯи ӯ кардаву меандешиданд: чӣ мегуфта бошад ин ҷавонмард, бо кадом роҳ мебурда бошад ин кишвари ҷангзадаро, чӣ сарнавиште моро интизор аст? Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки вакилон дар интихоби ӯ хато накардаанд. Маҳз ба шарофати ин марди ҷасур кишвари мо аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, рӯ ба инкишоф овард.
 
Гулафзо САВРИДДИНОВА, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ:
- Дар даврае, ки аксарият ба ояндаи неки Тоҷикистон бовар надоштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои имрӯзу фардо бори масъулияти вазнинро бар дӯш гирифтанд. Ҳарчанд дар он давра буданд одамоне, ки таҷрибаи зиёди роҳбарӣ доштанд, ин масъулиятро ба уҳда нагирифтанд. Зеро вазъияти баамаломада дар мамлакат аз роҳбари нав ҷасорати хеле зиёдро тақозо мекард. Бисёр вакилон бовар надоштанд, ки сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор ва вазъ ором мешавад. 
Дар иҷлосия мо 7 вакилзан ширкат доштем. Вақте номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, мо дар симои ӯ ояндаи дурахшони Ватанро дидем ва нахустин шуда, ба ҷонибдориашон овоз додем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед