сиёсат
ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори Ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгардида, таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, туҳфаи арзанда ба Ҷашни фархунда мебошад.
Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии “САНИОСП” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев” бунёд шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Бунёди Аҷам” ва “Раҳмониён” анҷом додаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Дар даромадгоҳи асосӣ дарвоза ҳамчун рамзи ворид гаштан ба ин макони таърихӣ бо паҳноии 34 метр ва баландии 20 метр сохта шудааст. Дар бунёди дарвоза аз санги табиии травертини конҳои маҳаллӣ истифода карданд ва сангҳо ба он шукӯҳу зебоии хосса бахшиданд.
Аз дарвоза ба самти иншооти асосии боғ - “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ роҳрави калони ду тарафаш сабзу хуррам бунёд шудааст.
Муҷассамаи “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ таҷассумгари Иҷлосияи таърихӣ ҳамчун иҷлосияи наҷоти миллату давлат, барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи давлатдории навин ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо баландии 38,5 метр қад кашидааст. Рамзи кураи Замин ва нурпошии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон инъикосгари дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақоми хосса гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар тасвири китобҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз, яъне баргузории Иҷлосияи таърихӣ, садоқати фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини аҷдодӣ ва халқ, роҳи тайкардаи Тоҷикистони навин дар тули ин солҳо, пешрафт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ инъикос ёфтааст.
Дар ду тарафи роҳрави асосӣ 2 фаввораи калон ва 7 фаввораи хурд дар атрофи онҳо бо истифода аз унсурҳои меъморию рассомӣ, нақшу гулкориҳои Қасри таърихии Арбоб сохта шудаанд. Дар гирди фаввораҳо 4 суҳбаткада барои истироҳат бо паҳноии 8,3 метр ва баландии 10 метр бо усули миллӣ бунёд гардидааст.
Масоҳати қисмҳои чапу рости боғ барои сайругашти сокинону меҳмонон, шуғлу бозии кӯдакону наврасон, солимгардонӣ истифода шудаанд. Дар қисми чап маҷмуи таҷҳизоти варзишию тарбияи ҷисмонӣ, таҷҳизоти бозии кӯдакон васлу насб гардида, макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад.
Дар қисми рости боғ гулгашти назаррабо дар масоҳати 1,7 гектар аз мавзеи зебою дилорои боғи фарҳангию фароғатӣ гардидааст. Беш аз 250 ҳазор бех чамангули ҳарранга шукуфтааст. Тибқи нақша дар гулгашт мавсими оянда садбарг шинонда шуда, майдон гулгашти садбарги ҳарранга мешавад.
Дарахтони сояафкану ороишӣ асоси хуррамию зебоии боғанд. Беш аз 1000 бех анвои гуногуни дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарги сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар ба обу ҳавои минтақа мутобиқ ворид ва шинонда шудаанд. Боғ дар шомгоҳону шабона низ макони сайру гашту истироҳату тамошо аст. Чароғонкунии боғро коргарону мутахассисони ширкати инноватсионии “Само”-и шаҳри Хуҷанд бо истифодаи 180 сутунпояи бо тарҳу дизайни хосса сохташуда ва васли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ амалӣ намудаанд. Майдону роҳравҳои боғ бо истифодаи санги хорои Хуҷанд сохтаю оро дода шудаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб” боз як иқдоми созандаю ободонӣ ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда сарчашма мегирад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2022 №: 220-221 Мутолиа карданд: 908