сиёсат
ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ ВА ШОҲКОРИҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. АЗ МОҲИЯТИ ҶАҲОНШУМУЛ ТО КОРБУРДИ МОДЕЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА ҲАСРАТИ ДИПЛОМАТҲОИ ХОРИҶӢ
Баҳори соли 1992. Вазъият аз доираи назорат тамоман берун рафта буд. Дар ду майдони марказии пойтахти мамлакат гирдиҳамоии қувваҳои муқобил ташкил шуда, Душанбе ба ситоди ҷангиён табдил ёфт. Дар ҳамин вазъ, ҳатто имкони ташкил ва гузарондани иҷлосияҳои Шурои Олӣ дар пойтахт вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Як гурӯҳи вакилони Шурои Олӣ аз тарси ҷон ба Хуҷанд ҳам наомаданд. Вале аксарияти вакилон дар Қасри Арбоб ҷамъ омада, рӯзи 16 ноябр Иҷлосия ба кори худ шуруъ намуд.
Ин даврае буд, ки дар хориҷа кишварҳои абарқудрат, аллакай дар бораи минтақа ба минтақа тақсим кардани Тоҷикистон нақша кашида буданд. Дар дохил ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ “гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад” - гуфта, ба осиёби аз ҳам пош хӯрдани диёр об мерехтанд. Вале таърих дигарбора ба миллати тоҷик имкони эҳё шуданро дод. Иҷлосияи шонздаҳум ба сари ҳамаи бадхоҳони миллат бар хилофи чашмдошташон оби хунук рехт, ҳадафи хоинонаашонро барбод дод. Вакилони Иҷлосия ниҳоят бо амри ақлу заковат дар интихоби Сарвари давлат даст боло карданд.
Ман суханоне иқтибос меорам, ки баъди ду соли Иҷлосия навишта шуданд: «Чор бурҷи парокандаи Тоҷикистонро ягон роҳбари олимартабаи шуравӣ идора карда наметавонист. Фақат номи нав, неруи наву орӣ аз ҳамаи хислатҳои фармонфармоии маъмурии шуравӣ лозим буд, ки оммаро аз сари ҷарии фалокат наҷот диҳад. Ин рисолати таърихиро ҷавони матиниродаи дурназар Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт” (Карим Абдулов. ”Иҷлосияи тақдирсоз”, Ленинобод, соли 1994). Се соати интихобот, се соати байни фалокати таърихӣ ва тавлиди дубораи давлатдории миллӣ, ҳаёти шоиста, фазои сулҳу суботи имрӯзаро таъмин намуд. Дар зарфи чанд соли иҷлосияҳо даҳҳо иштибоҳ ва кашмакашиҳои сиёсии вакилонро мушоҳида кардам. Вале он рӯз вакилон иштибоҳ накарданд. Тақдири миллати тоҷик дар ҳамон лаҳзаҳо ҳал гардид: байни ҳаёту мамот якумаш интихоб шуд. Шахсан ман Эмомалӣ Раҳмонро берун аз толору даҳлезҳои Шурои Олӣ ба ҳайси Сарвари ҷасуру қавиирода, оянданазар қаблан мешинохтам. Раиси собиқ вилояти Кӯлоб, вакили Шурои Олӣ дар иҷлосия ва дигар ҷамъомадҳо ошкоро, бо далелҳои амиқ ва нотарсона сухан мекард. Дар урфият мегӯянд, ки инсонро дар сафар мешиносанд. Ба ман чунин имконият ҳам фароҳам омад, ки ҷасорати дипломатӣ, сиёсӣ, ташкилотчигии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро моҳи майи соли 1992 дар ҳайати гурӯҳи вакилони иштирокчӣ дар таъсиси Ассамблеяи парлумонӣ дар шаҳри Бишкек аз наздик мушоҳида намоям. Аз ватандӯстӣ, шуҷоат, дилсӯзиву меҳрубонӣ ва қобилияти худододи ташкилотчигии Пешвои миллат порчаҳои хотираҳоям дар китоби “Аз сӯзандагӣ то созандагӣ” нашр шуданд.
Дар тули 30 соли фаъолият дар даҳҳо конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ аз зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии Пешвои миллат гузориш дода, моҳияти оламшумули Иҷлосияи ХVI Шурои Олиро муаррифӣ мекардам.
Бояд зикр кард, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар илми ҷомеашиносӣ ва таърихи муосир ягона мисоле ҳаст, ки алангаи ҷангро бо машварат, муколама, авфу гузаштҳо ва суҳбати рӯ ба рӯ хомӯш кард. Дар он давраи пур аз тазодҳо вазъи номусоиде, ки дар боло зикр кардам, фақат чунин фарди сарсупурдаи миллат, сиёсатмадори хирадсолору дурандеши далер метавонист кишвари ба чор бурҷ парокандаро идора намояд. Маҳз аз рӯзҳои аввал, балки аз соатҳои нахустини Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон барномаи пешгирии даргириҳо, ваҳдати миллӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, эҳёи иқтисоди кишвар таҳия гардиданд. Вале барои амалӣ гаштани онҳо сохтори сиёсӣ садди роҳ шуд. Аз ин рӯ, зарурати гузаштан ба идоракунии президентӣ пеш омада, дар фазои демократӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб гардиданд. Баъдан бо иқдоми Президент ваколати вакилӣ дар парламент, ки то он давр чун вазифаи ҷамъиятӣ иҷро мешуд, ба парламенти касбии дупалатагӣ табдил дода шуд. Сарвари давлат барномаҳои рӯзмарра, миёнамуҳлат ва дурозмуҳлат доштанд. Он рӯзҳо мо мушоҳида мекардем, ки Пешвои миллат то 20 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд. Дар зарфи як соли роҳбарӣ ба тамоми гӯшаю канори кишвар сафар намуда, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоиро аз наздик дида, барои рафъи мушкилиҳо тасмимҳои хирадмандона мегирифтанд. Маҳз ин усули кор бо омма дар мудати кӯтоҳ ӯро сазовори номи сарвари мардумӣ гардонд. Бояд ошкоро бигӯем, ки ин муҳаббат ва садоқати мардум маҳз унвони Пешвои миллатро ба миён овард. Аз эълони ин унвон байни мардум қариб даҳ сол гузашта, ахиран бо пешниҳоди омма ба қолаби қонун шомил шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин муроҷиаташон неруҳои сиёсиро ба ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, оштии миллӣ даъват карда, дар ин роҳ қадамҳои устувор гузоштанд. Имрӯз ошкоро зикр мекунем, ки он замон, ҳатто ҳамсафони наздики мо ин амрро “таслимшавии мутлақ” медонистанд…
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, вале ин ҳама пешравӣ ба осонӣ ба даст наомад. Ба насли ҷавон насиҳат карданӣ нестам. Аммо бояд зикр кунам, ки то соли 1995 ҳатто шарикони асосии Тоҷикистон кишвари моро ба ҳайси “Афғонистони дуюм” мешинохтанд. Ҳангоми сохтмони шоҳроҳи Шоҳон - Зиғар Пешвои миллат дар кабинаи мошини «Урал» дар хамгашти роҳ истода, ба корвони аспу хари он тарафи марз ишора карда гуфтанд: «Мо аз ин машаққат халос мешавем». Ҳоло ба шабакаҳи коммуникатсионии кишвари кӯҳсори мо ҷаҳон ҳасад мебарад. Танҳо дар марзи ҷануби мамлакат 5 пули байналмилалӣ ва 6 дарвозаи тиҷорати марзӣ кушода шуд. Лоиҳаҳои бо ибораи роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ, “зараровар”-и НБО “Роғун”, “Помир-1”, шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Кулма то 22 сол дар ҷевонҳои банақшагирии давлатии Иттиҳоди Шуравӣ хобида буданд. Ҳамаи ин дастовардҳо, ки дар даҳҳо ҷилд гузориш намеғунҷанд, бояд дар зеҳни наслҳои нав ҷо гардад.
Фалсафаи шукргузорӣ, эҳтиром ба гузашта, қаноатпазирӣ аз кайфияти зиндагӣ, саъю талош барои фардо аст. Мо ба насиҳат ва мисол ниёз надорем. Чанд чақрим дуртар аз марз зиёда аз чил сол боз хунрезӣ идома дорад. Давлатҳои абарқудрати Аврупо бо мусаллаҳшавии бошитоб, ба ҷангҳои шадид дучор гардиданд. Яке аз кишварҳои ин минтақа дар зарфи чор сол 6 миллион аҳолиашро талаф дода, аз 12 фоизи ҳудудаш маҳрум гашт. Шукри ин марди сангаршикан, ки ба номи 5 миллион мардум соли 1994 қасам хӯрда, имрӯз ғамхори 10 миллион нафар аҳолӣ ҳастанд.
Хотираҳо сафҳаи нодири китоби тарбия ҳастанд. Ҳамзамон, ҳар лаҳзаи он давр бояд ба насли нав қутбнамои фаъолият гардад. Аз ин рӯ, дар фарҷом пешниҳод дорам, ки “Донишномаи (Энсиклопедия) Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ” таълиф ва нашр гардад. Ҳар сатри қарорҳои Иҷлосия, суханрониҳои Пешвои миллат дар ҷаласаҳо дастурамали нодири давлатсозӣ аст. Фосилаи вақт байни ин санаи таърихӣ ва ҳаёти имрӯза ҳар қадар дароз гардад, ҳамон қадар барои тундравону муаррихони ғаразҷӯ имкони бештар фароҳам мегардад.
Ба ҳайси дипломат дар хориҷи кишвар борҳо эҳсос кардам, ки сабақи Иҷлосия, таҷрибаи мусолиҳаи миллии тоҷикон дар кишварҳои ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Ман борҳо таъкид кардам, ки бояд таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба ҳамаи забонҳои расмии СММ тарҷума ва нашр шавад. Яке аз ҷомеашиносон ва дипломати Афғонистон Ҷаҳонгири Бадахшонӣ бо ҳасрат гуфта буд: “Барои сулҳу амнияти Афғонистон урдуи НАТО лозим набуд. Сабақи оштии миллии тоҷикон моро аз хунрезиҳо раҳо мекард».
Ахиран, бо камоли эҳтиром аз ҳамаи ширкатдорони ин Иҷлосияи таърихӣ, ки мутаассифона, хеле камашон дар қайди ҳаёт мондаанд, хоҳиш мекардам, ки байни омма “микрофон”-и хотираҳоро созмон диҳанд, зеро хотираҳо ва андешаҳои онҳо аз ин иҷлосия дарси бунёдкорӣ аст. Гузаштаи талхи мо зиндагии имрӯзаи ширинро афзун менамояд.
Қозидавлат ҚОИМДОДОВ, муовини Раиси Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1992 – 2002)
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2022 №: 220-221 Мутолиа карданд: 909