logo

сиёсат

ИНТИХОБИ ТАЪРИХӢ

Бо ифтихор мегӯям, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне дар ин марҳилаҳои бузурги сарнавиштсоз ба воя расидам. Даврони кӯдакиям бо ҳодисаҳои муҳим тавъам омадааст. Ҳар қавму миллат сарнавишти худро бо дасти худаш месозад. Падару модар ва ҳамдиёронам бо умеди он, ки ман ва ман баринҳо дар шароити сулҳу осоиштагӣ ба сар бурда, аз кишвари пешрафтаамон ифтихор дошта бошем, шабу рӯз заҳмат кашиданд. Пирон дуои нек медоданду модарон   барои он ки дар роҳи рост бошему инсони хуб шавем, аз гузаштаи пурифтихори миллатамон қиссаҳо мегуфтанд. Мо бо орзу ва ниятҳои нек ба камол расидем. Дар шароити ҷонбозиҳо барои зистан бузург шудем. Аз ин ҷост, ки ба қадри сулҳу осоиш ва шукуфоии диёрамон мерасем. 
 
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки сӣ сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҷавони далеру шуҷоъ ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки баъдан дар барқарор сохтани давлату сарҷамъ кардани миллат асос гузоштанд, ба арсаи сиёсат овард. Баъзе сиёсатмадорону сиёсатшиносон он замон, ҳатто, гуфта будаанд, ки умри ин Ҳукумат ду ҳафта зиёд нахоҳад буд. Вале воқеият нишон дод, ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон Худованд ба мардуми Тоҷикистон Пешвои фидокору мардумиро ато кард. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия, аз ҷумла изҳор доштаанд: “Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба амал оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад то захму ҷароҳатҳои ин фоҷиа муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба Иҷлосия омадем”. Суханронии кӯтоҳ, вале пурмуҳтавои вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтҳои дигар иштирокдорон бо он фарқ мекард, ки масъалагузориҳо воқеӣ ва мушаххас зикр шуда буданд. Иштирокдорон дарк намуда будаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки иродаи сиёсии ӯ ба ҳалли мушкилтарин масъалаҳои ҳаёти халқу Ватан равона шудааст.  
Паёми нахустини Сарвари давлат дар Иҷлосия садо дод: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» ва шуълае дар дили мардуми азиятдида барафрохт. Аз ҳар баромадашон дар ҷаласаҳо маълум мешуд, ки дилашон бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзад. 
Мегуфтанд, ки то ором шудани вазъият ба марказ наравад, аммо рафт. Рафту оташи ҷангро хомӯш кард, гурезаҳоро баргардонд, харобаҳоро обод намуду гуруснагиро аз байн бурд.   Аз ин рӯ, мардуми шарафманди тоҷик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббат ва самимияти хос бо ибораҳои маҳбуб, муаззам, азиз, меҳрубон, мардумӣ ва дигар сифатҳои неки инсонӣ муроҷиат  мекунанд, ки ба ҳамаи ин гуфтаҳо сазоворанд.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 1264
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед