logo

сиёсат

АРЗИШИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯ. АЗ ХАТМИ ҶАҲОЛАТИ СӮЗАНДА ТО ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

 
Таърих пухтакор аст, зеро арзиши падидаҳоро пас аз гузашти солҳо иёрсанҷӣ мекунад. Бисёр падидаҳое ҳастанд, ки мо оҷилан ба онҳо арзиши баланд мегузорем, аммо бо гузашти айём таърих онҳоро ботил ва ё тасдиқ мекунад. Дар бораи арзиши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) даҳҳо китобу ҳазорҳо мақолаву назарҳои мутахассисони соҳаҳои гуногун ба қалам омадаанд ва дар ин мавзуъ сухани тозае гуфтан дар назар душвор менамояд. Аммо аз дидгоҳи дигар ба ин масъала назар андозем, маълум мегардад, ки ҳанӯз ҳам гуфтаниҳо бисёранд.
 
Дар ин мақолаи фишурда назари фардии муаллиф ба ҳолати равонии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз парокандагии ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС матраҳ мегардад. Дар ин замина арзиши воқеӣ ва таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аз дидгоҳи дигар сурат мегирад. Мо шоҳиди замони гузариш аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ ҳастем. Барои насле, ки дар замони дигар ва дар фазои андешаву ормонҳои дигар ба камол расидааст, гардиши барқосо ва ғайриинтизори таърихӣ таъсири амиқи моддиву маънавӣ мерасонад.
Барои он, ки андешаҳои мо муъҷазу фаҳмо иброз гарданд, дар чанд банди мухтасар масъалаҳои мавриди назарро шарҳу тавзеҳ медиҳем:
1. Мардум дар замони шуравӣ ҳадафмандона барои зиндагӣ кардан дар сохти сотсиалистӣ тарбия гирифта буданд. Давлат аз кӯдакӣ то ба камол расидан ҳар фарди ҷомеаро бо идеологияи махсуси озмуда тарбият мекард ва таълим медод. Дар натиҷа, инсонҳо барои зиндагӣ ва фаъолият дар чунин сохти давлатдорӣ мутобиқ мешуданд. Яъне, Ҳукумати Шуравӣ мардумро чунон тарбия менамуд, ки барояшон зиндагӣ кардан дар дигар сохти иҷтимоӣ хеле душвор буд. Агар ба тариқи мисол андешаҳои худро шарҳ бидиҳем: мардум мисли дарахте буд, ки барои рустану сабз гаштан ба обу хок ва иқлими як минтақа мутобиқ шуда буд. Албатта, тағйир ёфтани рустангоҳ ва дигар шудани иқлим ба ҳар дарахте таъсири бисёр ғамангезе дорад. Роҳи наҷоти дарахт ин аст: ё ба минтақаи нав мутобиқ ва ба иқлими дигар батадриҷ одат мекунад, то зиндагияш идома ёбад; ё хушк мешавад ва ба нестӣ мерасад.
2. Вобастагии иқтисодию маънавии мардуми як ҷумҳурӣ ба ҷумҳурии дигари ИҶШС. Масалан, Тоҷикистон пахта истеҳсол мекард ва ҳамчун ашёи хом дар дигар ҷумҳурӣ нимкоркард мешуд, дар ҷумҳурии сеюм коркарди пурра ва дар ҷумҳурии чорум маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардид. Ҳамчунин, канданиҳои фоиданок ва сарватҳои зеризаминӣ низ, дар чунин силсила истихроҷу коркард мешуданд. Агар ба тариқи мисол фикрамонро тақвият бахшем: давлати шуравӣ мисли як оилаи серфарзанде буд, ки ҳама дар як ҳавлии калон зери як сақфу бом зиндагӣ мекарданд, аммо бо гардиши рӯзгор ин оила пароканда шуд, вале вобастагии аҳли оила ба якдигар боқӣ монд.
3.Надоштани таҷриба ва ҳадафҳо дар сохти нави давлатдорӣ. Ба андешаи инҷониб, маҳз ҳамин пешомад яке аз сабабҳои бесарусомониҳо, ноумедиҳо ва, ҳатто, ҷангҳои шаҳрвандӣ дар баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон гардид. Пас аз фурӯпошии ИҶШС ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳо мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ якбора рӯ заданд. Дар замони нав ва дар сохти тамоман дигар зиндагонӣ бар мардум хеле душвор гардид. Мо соҳиби давлати мустақил шудем, аммо фурсат ва таҷриба надоштем барои таҳияи барнома ва нақшаҳои пешрафт, зеро ҳадафи мо низ номуайян буд. Роҳе ношинос дар пешорӯи мо қарор дошт, ки намедонистем иҷтимоъро ба куҷо мебарад. Боиси таассуф аст, ки аз беҳадафиҳо ва роҳгумзаданҳои мо қувваҳои беруна истифода карданд, мардумро ба майдонҳо кашиданд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ғорат кардани сарватҳои кишвар оғоз шуд. 
4. Гум кардани меҳвари эътиқоду бовар ба оянда. Пас аз барҳам хӯрдани давлати шуравӣ кишварҳои мустақил ҳанӯз бовари комил ба ояндаи бидуни ИҶШС надоштанд. Маҳз ҳамин нобовариҳои мардум ба ояндаи кишварашон садди роҳи зуд шакл гирифтани низоми давлатдорӣ дар бисёр мамлакатҳо гардид.
Ин чор садамаи маънавие, ки ба руҳияи мардум дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсир гузошта буд, мушкилоте ба шумор мерафтанд, ки барои бартараф намудани онҳо бояд заминаи қатъӣ гузошта мешуд. Дар шароити мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони амиқи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавие, ки ҷомеаро фаро гирифта буд, миллати тоҷик такя бар хиради созанда кард ва дар муқобили ҷаҳолати сӯзанда истодгарӣ намуд.
Заминаи ҳаёти осоиштаи мардум ва бинои давлати соҳибихтиёри тоҷикон дар таърихи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ниҳода шуд. Дар ин Иҷлосия барои ҳалли он чор мушкиле, ки қаблан ташреҳ додем, иқдомоте сурат гирифт. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Маҳз дар ҳамон Иҷлосияи наҷотбахш Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Вақте сохтори давлатдорӣ тасдиқ гардид, роҳу василаи расидан ба ҳадафҳо низ муайян шуданд. Албатта, тағйир додани руҳияи мардум ва мутобиқ кардани раванди зиндагии онҳо ба сохтори нави давлатдорӣ кори саҳлу содае набуд. Аммо муҳим он буд, ки роҳ ба сӯи пешрафт боз гардид. Пас аз он ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ тавонист ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор намуда, Артиши миллиро таъсис дода, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Муҳимтар аз ҳама, пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ равзанае барои ояндаи кишвар боз шуд, пояҳои давлатдорӣ муҳкаму устувор шуданд, барномаҳои мушаххас барои пешрафт таҳия гардиданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил тавонист таҷрибаи давлатдорӣ андӯзад, руҳияи мардумашро ба сохтори нави давлатдорӣ мутобиқ созад, механизми иқтисодиётро дубора ба ҳаракат оварад, бовари мардумро ба оянда тақвият бахшад, 
Аз ҳамин дидгоҳ, арзиши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, пеш аз ҳама, дар он  аст,  ки  бо  зуҳури  тобноки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсат руҳияи мардумро дигар кард ва ба дилҳо умеди тоза ба ояндаи дурахшон бахшид.
 
Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед