Хабарҳо
ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022
Наврасони тоҷик бо маҳорати баланд ғолиб
шуданд
Мунтахаби наврасони Тоҷикис-тон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 14-сола (12 - 18 ноябр, Ҳисор) ғолиб омаданд.
Мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар чор бозӣ пирӯзӣ ба даст овард. Футболбозони бомаҳорати тоҷик тимҳои Туркманистон (9:0), Ӯзбекистон (4:0), Эрон (2:0) ва Афғонистонро (6:0) шикаст доданд. Бозигарони мо, дар маҷмуъ, 21 тӯб вориди дарвозаи ҳарифон намуда, ягон гол сар надоданд. Нишонҳои нуқра ва биринҷиро мутаносибан Эрон ва Ӯзбекистон гирифтанд.
«СОРО КОМПАНИЯ» - қаҳрамони Суперлигаи Тоҷикистон
Бошгоҳи «Соро компания» - и Душанбе зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон се бор «Истиқлол»- ро шикаст дода, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футзал гардид.
Ин тим қаблан, солҳои 2018, 2019 ва 2021 чемпиони кишвар шуда буд.
Медалҳои биринҷӣ насиби тими «Истаравшан» гардид.
Мусовии Тоҷикистон бо Россия
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Россия (17 ноябр, Варзишгоҳи марказии Душанбе) мусовӣ кард.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар бозӣ зиёда аз 20 ҳазор тамошобин иштирок карданд.
ҶОМИ ҶАҲОН
Қатар дар вохӯрии аввал мағлуб гардид
20 ноябр дар Қатар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардид. Дар қувваозмоии аввал тими Эквадор ба дарвозаи мизбонон ду голи беҷавоб зад.
Тӯбҳоро Эннер Валенсия (дақ.16 (пеналтӣ), 31) ба самар расонд.
ПАУЭРЛИФТИНГ
Медали тиллои Бахтиёр Раҳимов
дар Чемпионати ҷаҳон
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг (штати Флорида, ИМА) ду медал (тилло, нуқра) гирифт.
Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода, бардоштани вазн медали нуқра гирифт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 20079