Хабарҳо
МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН
Ҳамасола дар Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон - мактаби олии рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки донишҷӯён, магистрон ва докторантони кишварҳои гуногуни оламро ба таҳсил фаро гирифтааст, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор мегардад. Дар чорабинии имсола донишҷӯёни давлатҳои гуногун, аз кишварҳои Амрико, Олмон, Ҳолланд, Чин, Малайзия, Индонезия, Шри-Ланка, Бангладеш, Африқо, Мозамбик, Уганда, Миср, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Лаос, Филиппин, Ветнам, Муғулистон, Ҷопон, Бутан ва Непал бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ кишварҳои худро муаррифӣ намуданд.
Бори нахуст хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сазовор Муродов, Аминҷон Пиров, Фарибо Идибекзода, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ - Солеҳ Аскарзода, Рустамҷон Умаров, аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ - Баҳодур Мирзоев дар ин маърака ширкат варзида, дар баробари пешниҳоди таомҳои миллӣ намунаи дастдӯзиҳо ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошта, аз бобати имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи фарҳанги миллат маълумоти мукаммалеро манзури муштариён намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон ба ҳозирон оши палавро чун хӯроки миллӣ пешниҳод намуданд. Қобили зикр аст, ки хӯрокҳои пешниҳоднамудаи кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла оши палави тоҷикӣ, бо таъм ва лаззати нотакрораш ба тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи Хиросима низ, сазовори баҳои баланд гардид. Масъулони Донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ аввалин маротиба аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гаштанд. Хизматчиёни давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Агентии Ҷопон барои таҳсил дар доираи бурсияҳои ҷудогардида ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода шудаанд.
Солеҳ АСКАРЗОДА,
корманди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистранти Донишгоҳи Хиросима
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 24421