Хабарҳо
«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»
Бо ин ном нашриёти «Шарқи озод» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Одиназода Шоҳона Сулаймонро ба табъ расонд ва он дастраси хонандагон ва ҳаводорони эҷоди муаллиф гардид.
Дар китоб матлабҳои назмиву насрии ӯ, ки солҳои охир таълиф шудаанд, ҷой гирифтаанд. Шеъри муаллиф бо номи «Мавлуди Ватан» бо ин мисраъҳо ҷамъбаст мешавад:
Марде, ки назаркарда буду доди Худо буд,
Дасту даҳони марг ба як амри Худо баст.
Мавлуди Ватан буд,
Бахти туву ман буд.
Аз дигар матлабҳои назмиву насрӣ ба назар мерасад, ки дар истиқрори сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва фаромӯшношуданист, балки он дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.
Дар шеъри «Орзу», ки шеъри дуюми маҷмуа аст, ин ҳақиқати бебаҳсро чунин баён медорад:
Ба ин марди худододи шарафёб,
Худоё, бахш умри ҷовидонӣ.
Ба дасти босахои меҳрбораш
Биёбад миллати мо сабзҷонӣ.
Ба яқин, нигоҳ доштани давлат аз ба даст овардани он басо мушкилтар ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат тавонист миллату давлати дар вартаи нестӣ қарордоштаро наҷот бахшад, сулҳро пойдор намояд ва, ҳамзамон, ба дастовардҳои бузурги бесобиқа ноил шавад.
Дар матлаби насрии «Дуои модарат сабз...» изҳор доштааст: «Чаро аз миёни вакилон интихоб ба Эмомалӣ Раҳмон афтод? Зеро вакилон он овон аз ӯ беҳтар сарвар пайдо накарданд. Замона ноосуда ва ноамн буду ҳамин гуна шахсияти далеру ҷасур ва фидокору раҳнаморо мехост».
Ҳамин тавр, матлабҳои дигари китоб, ки «Неъмати истиқлол», «Дасти дуо», «Пешвои тоҷикони ҷаҳон», «Соли сафед», «Ифтихор», «Таронаи ҳамдилӣ» аз ин қабиланд – ҳама дар хусуси заҳмату хидмату фидокориҳои Пешвои миллат баҳри озодиву ободии кишвар мебошанд. Матлабҳои маҷмуа дар шинохти ҳақиқат, боло рафтани эҳсоси ватандӯстӣ, расидан ба қадри истиқлол, сулҳ, ваҳдат, амнияти кишвар таъсири нек гузошта метавонанд. Аз ин рӯ, китоб туҳфаи хубу арзишмандест ба доираи васеи хонандагон.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 24303