logo

порлумон

ҚУБОДИЁН. КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БО 1300 ҶОЙИ КОРӢ БУНЁД МЕГАРДАД

 
Тибқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Орён Инвест””, ки 18 ноябр вакилони Маҷлиси намояндагон онро пазируфтанд, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи истеҳсолии семент бунёд мешавад. Тибқи нақша, истеҳсоли солонаи корхонаи сементбарорӣ ба 1 миллиону 8 ҳазор тонна баробар аст. 
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии созишнома дар парлумон иброз дошт, ки бо мақсади амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 2022, Созишномаи мазкур ба имзо расид. 
– ҶДММ “Ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Орён Инвест”” ширкати ватанӣ буда, татбиқи лоиҳаро дар асоси Созишномаи сармоягузории мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ менамояд. Амалишавии Созишнома уҳдадории қарзиро барои давлат ба вуҷуд намеорад ва маблағҳо аз ҳисоби фоидаи бадастомада баргардонда мешаванд. Лоиҳа аз ду марҳилаи асосӣ иборат буда, барои бунёди марҳилаи якуми корхона 120 миллион доллари ИМА ҷалб мегардад. Марҳилаи якум бо ду хатти истеҳсолӣ, аз ҷумла сементи баландсифати навъи бо сулфат тобовар ва навъи М-400 бо иқтидори истеҳсолии 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз сохта ба истифода дода мешавад. Барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа бошад, бунёди ду хатти иловагии истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он 40 миллион доллари ИМА аст. Бо пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани корхона беш аз 1300 ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад, ки 80 дарсади коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод, – иброз дошт Саъдӣ Қодирзода. 
Ба гуфтаи Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон, лоиҳаи мазкур дар давоми панҷ сол амалӣ мегардад.
– Тоҷикистон дорои захираҳои бойи саноати кӯҳӣ мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва ба рушди содирот мусоидаткунанда саноати истеҳсоли семент ба шумор меравад. Тавре Президенти кишвар зимни суханрониашон ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонда шуд. Имрӯз ҳамагон медонем, ки сохтмони неругоҳҳои обии хурду бузург, санъати сохтмони шаҳрсозӣ ва дигар иншоотро бе истеҳсоли сементи худӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷониби дигар омили ҳавасмандкунӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанӣ барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки дар навбати худ таъминкунандаи ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мебошад, – гуфт Рустам Латифзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин.  
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2022    №: 224    Мутолиа карданд: 1048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед