logo

Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

 
Аз 22 то 26 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз 80 ҳунарманд таҳти роҳбарии вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар намуд, - иттилоъ дод маркази матбуоти вазорат.
Дар ҷараёни баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷи-кистон бо вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон доир гардида, ансамблҳои «Лола», «Парасту», созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобинони ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.
 
 
Иштироки ҳайати Тоҷикистон  дар Конфронси мубориза бо маблағгузории терроризм
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода дар Конфронси вазирон ҷиҳати мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат варзид.
Ба иттилои вазорат, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ба чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам ибрози андеша намуд.
А. Аламшозода, инчунин, дар ҷаласаи пленарии Конфронси мазкур сухан ронда, барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузорӣ ба он даъват ба амал овард.
 
 
Ноҳияи Ашт аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта гузориш дод
Заркорони зафарманди ноҳияи Ашт аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта баромаданд. «Муждаи зафар»-ро аз номи аҳли заҳмат раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонд, - иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Дар ноҳия соли равон 6323 гектар пунба кишт шуда, меҳнаткашон бо истифода аз тухмиҳои серҳосили «Мая», «Флеш», «Дӯстӣ» 17311 тонна ҳосил ҷамъ оварданд, ки ба 100,1 фоизи нақша баробар аст.
Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, пахтакорон тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда, ҳосили боқимондаро чида, дар иҷрои нақшаи солонаи пахтаи вилояти Суғд ҳиссаи арзанда гузоранд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 23481
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед