мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ НАРИШКИН
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмуи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардиданд.
Дар зимн, ҷонибҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тули таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ба ин манзур, муҳимияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, таъкид гардиданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки, аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд. Қазияи Афғонистон низ, дар маркази диққат қарор дошт.
Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2022 №: 225 Мутолиа карданд: 1131