туризм
ШАҲРИСТОН. ЧАРО ДАР “ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ” САЙЁҲӢ РУШД НАМЕКУНАД?
Сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ бо манзараҳои дилфиребу сарсабзи кӯҳистони Шаҳристон маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ, хоссатан, баъди таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ бештару беҳтар ошно шуданд. Сарфи назар аз обу ҳаво, дар тамоми мавсими сол мусофирон ҷиҳати анҷоми сафар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба вилояти Суғд, ҳамзамон, аз Суғд ба ҷануб аз мавзеъҳои зебову ҷолиби ин ҷо дидан карда, аз обҳои мусаффо, ҳавои форам, хониши парандагон баҳравар мешаванду шукри соҳибистиқлолии Ватан мекунанд.
Ноҳияи Шаҳристон, ки дар шимоли мамлакат воқеъ аст, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар як минтақаи баланди кӯҳиву дорои манзараҳои дилфиреб ва арчазорони ҳамешасабз қарор гирифта, таваҷҷуҳи сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб месозад. Ҳатто Шаҳристонро “Швейтсарияи дувум” ном мебаранд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди ноҳия зиёд шуд, дар ояндаи наздик ин ҷо ба як минтақаи аз ҳар ҷиҳат рушдёфта мубаддал хоҳад гашт.
Бо эълон шудани соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат оид ба эълон шудани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ корҳои зиёд амалӣ шуда, хатсайрҳои нав созмон ёфтаву инфрасохтор марҳила ба марҳила муҳайё гашт.
Мутаассифона, вазъ дар ноҳияи Шаҳристон дар ин ҷода ташвишовар мебошад. Аз рӯзи аввали ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат то имрӯз ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия чӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, дар ин ҷода аз кадом дастовардҳо метавон ҳарф зад?
Дар ин бора Равшанҷон Юсуфов, директори осорхона, ҳамзамон, масъули бахши сайёҳии ноҳия, чунин гуфт: “Оид ба ин масъала чизе гуфта наметавонам, зеро масъалаи сайёҳӣ бароям сарбории иловагист. Ду масъули қаблии бахш тарки кор карда, ба муҳоҷират рафт. Феълан, бахши сайёҳӣ ба ҳоли худ буда, аз мадди назари масъулон дур мондааст”.
Дар гузорише, ки аз собиқ масъули бахш ба ёдгор мондааст, оид ба мавҷуд будани осоишгоҳи ҶДММ “Аҳмади Кароматӣ”, дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд фаъолият кардани ошхонаи ҶДММ «Мавзеи Шодмон» ва ҶДММ “Насими кӯҳсор”, “Додоҷонбобо” сухан меравад. Дар иртибот ба рушди сайёҳӣ, ташкили хатсайрҳову дигар инфрасохтор маълумоте нест. Ин дар ҳолест, ки дар Шаҳристон мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб, аз қабили қалъаи «Қаҳ-қаҳа», кӯшки «Чилҳуҷра», «Кингкӯл», «Хуррамдара», «Сабздара», «Насими кӯҳсор» мавҷуданд, ки метавон аз онҳо фаровон истифода бурд.
Баҳодур Акрамзода, раиси ноҳия, аз суҳбат худдорӣ карда, танҳо гуфт: “Магар аз сайёҳӣ дида, мавзуи муҳиме нест, ки ҳама ба он часпидаед?”.
Оё бо чунин тарзи муносибат метавон сайёҳиро рушд бахшиду ба яке аз сарчашмаҳои муҳими пешравии иқтисоди ноҳия табдил дод? Ин суолест, ки роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳа бояд посух гӯянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2022 №: 225 Мутолиа карданд: 1651