иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Пайшамбӣ Асоев нахустин олими соҳаи тибби ветеринарист, ки дар истеҳсолот вазифаҳои гуногуни ин соҳаро ба уҳда дорад. Ӯ соли 1989 аз истеҳсолот ҷудо нашуда, назарияро бо амалия пайванд сохт ва таҳти роҳбарии устодаш, узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии ба номи В. И. Ленини шаҳри Маскав, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ветеринарӣ Рашид Мустақимов дар мавзуи «Сабабҳои алиментарии безурётӣ, таъсири маводҳои витаминию менералӣ ва утеротоникӣ дар баланд бардоштани фаъолияти репродуктивии модаговҳо дар шароити баландкӯҳи Помири ғарбӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Ӯ фаъолияти илмию истеҳсолии худро идома дода, соли 2011 дар шаҳри Воронежи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии доктори илмҳои ветеринарӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Федератсияи Россия Мисайлов Владимир Дмитриевич дар мавзуи: «Фаъолияти такрористеҳсолкунии модаговҳо дар шароити ифлосшавии техногении минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва усулҳои барқароркунии он» рисолаи докториашро дифоъ намуда, бо ғайрати дучанд корҳои илмию амалии хешро идома бахшида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар соҳаи илми ветеринарии ватанӣ таҳқиқоти зиёд анҷом додааст. Оид ба паст кардани заҳролудшавии организми ҳайвонот дар минтақаҳои техногенӣ аз моддаҳои заҳрнок (металлҳои вазнин ва фтори техногенӣ) дастурамалҳо ба нашр расондааст ва дастурамал «Оид ба ташхиси ветеринарию санитарии гӯшт ва шир» (2015) (дар пешгирии касалиҳои сироятие (антропозоонозӣ), ки тавассути маҳсулоти чорво ва паранда ба инсон мегузаранд», пешниҳод кардаанд.
Ӯ олимест серталаб, вале пуртамкину ғамхор нисбат ба шогирдон. Дар шуроҳои илмӣ ва диссертатсионӣ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳодҳои ҷиддӣ барои рушди илми соҳа саҳмгузории бевосита дорад.
Устод ба узви аъзои Шурои илмӣ, узви Шурои диссертатсионии Институти тиббии ветеринарӣ ва раиси Комиссияи методии ҳамин Институт, таҷрибаи ғании худро барои рушди ин муассисаи илмӣ муттасил роҳандозӣ менамояд.
Олим бо маърузаву гузоришҳои илмӣ дар чандин симпозиум, конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскав, Воронеж, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Қазони Федератсияи Россия, Беларус, Эстония, Қазоқистон ва ғайра, баромад намудааст.
Дастовардҳои илмии ин мутахассиси варзида бо чандин ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Институти ветеринарӣ қадр шудаанд.
Неъматулло НУРУЛЛО, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2022 №: 225 Мутолиа карданд: 1139