logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ. «ВОДИИ ЗАРРИН» ҚАДАМҲОИ НАХУСТИН БА СӮИ ШУКУФОӢ АСТ

 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилию танқидии ВАО» мақолаи «Ховалинг «Водии заррин» қадамҳои нахустин ба сӯи шукуфоӣ аст»-ро, ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» 26-уми октябри соли 2022 №205 (24564) чоп шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Аз мақола бармеояд, ки ҶДММ «БСБ-Групп» ва ҶДММ «Тадҷ-Ресурс» дар ноҳияи Ховалинг парки технологии «Водии заррин»-ро сохта ба истифода доданианд, ки боиси дастгирӣ аст. Ҳамчунин, дар Ховалинг ҶДММ «ТЭБМК» барои сохтмони корхонаи холискорӣ (афинаж)-и металлҳои қиматбаҳо ба мо муроҷиат намуд. Аз 3 марти соли 2016, таҳти №133 мо ба ҶДММ «ТЭБМК» 10 гектар замин дар маҳаллаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷудо кардем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия интизор дошт, ки ояндаи наздик дар ин иншоот корҳои асосӣ оғоз меёбанд, аммо, мутаассифона, ҶДММ «ТЭБМК» дар қитъаи замини ҷудогардида то имрӯз  ягон кори назаррас анҷом надод.  Танҳо тибқи шартномаи тарафайн бо ҶДММ «Ранҷ» атрофи қитъаи замин қисман девор гирифта шуд, ки ҶДММ «ТЭБМК», ҳатто, маблағи ҳаҷми кори иҷрошударо пурра ба коргарон пардохт накардааст.
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷузъӣ,  давоми се соли охир соҳаи саноат дар ноҳия ба натиҷаҳои арзанда ноил гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ дар доираи чорабиниҳои  омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корхонаи бандубасти асал, коргоҳҳои коркарди обҳои ташнагишикан, макаронбарорӣ, мурғи марҷон, корхонаи заргарӣ ва сехи дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, шумораи корхонаҳои коркарди сарватҳои зеризаминии Шугнови ноҳия аз 5 ба 9 адад расид. Аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис ду ҳазор шаҳрванди ноҳия ва сокинони дигар ноҳияҳо ба кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гаштани Солҳои рушди саноат  (2022-2026) соли равон бунёду баистифодадиҳии панҷ коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуд. То имрӯз чортои он мавриди истифода қарор гирифт ва корҳо дар ин самт идома доранд.
 
МАҶИДӢ М. Х., раиси ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 1284
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед