Хабарҳо
ҶОМИ ҶАҲОН
Аз ҳангомаи Арабистони Саудӣ то ғалабаи Франсия
Тими миллии Арабистони Саудӣ дар бозии аввали гурӯҳи “С” мунтахаби Аргентинаро ба таври ҳангомавӣ бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар қисми аввал аргентиниҳо бо голи задаи Месси аз зарбаи ҷаримавии 11-метра (дақ.10) ба пеш баромаданд. Вале дар нимаи дуюм Аш-Шаҳрӣ (дақ.48) ва Ад-Дивсарӣ (дақ.53) дарвозаи ҳарифро рахна намуда, ғалабаи дастаашонро таъмин карданд.
Ҳамин тавр, бозиҳои рӯзи сеюм бо чунин натиҷа ба поён расиданд: Дания – Тунис – 0:0, Мексика – Лаҳистон – 0:0 ва Франсия – Австралия – 4:1.
ТЕННИС
Ҷокович бори 6-ум дар мусобиқаи ҷамъбастии ATP пирӯз шуд
Қаҳрамони 21-каратаи “Тоскулоҳи бузург” теннисбози сербӣ Новак Ҷокович дар даври ниҳоии мусобиқаи ҷамъбастии ATP (Турин) бар Каспер Рууди норвегӣ ғолиб омад.
Дар вохӯрии ҳалкунанда Ҷокович бо ҳисоби 2:0 (7:5, 6:3) зафар ёфт. Ӯ то рақобати финалӣ Даниил Медведев, Андрей Рублев, Стефанос Ситсипас ва Тейлор Фритсро шикаст дод.
Ҳамин тавр, Новак Ҷоковичи 35-сола бори шашум ғолиби мусобиқаи ҷамъбастии ATP гардида, рекорди Роҷер Федерерро такрор кард.
Пас аз ғалаба Новак Ҷокович гуфт, ки худро беҳтарин теннисбози сайёра медонад. Ин дар ҳолест, ки Алкарас ракеткаи рақами яки ҷаҳон аст.
ЛИГАИ ОЛӢ
«Истаравшан» ва «Равшан-З» онро тарк мекунанд
Тибқи натоиҷи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ду бошгоҳи вилояти Суғд – «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафаробод мавқеи худро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.
Мавсими оянда ба ҷойи ин ду тим дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор (ғолиби лигаи якум) ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ (барандаи зинаи дуюм) дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 22524