Хабарҳо
Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд
Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, зимни баромад дар нишасти матбуотии ҳайати нозирон оид ба натиҷаҳои мониторинги интихоботи Президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона иброз намуд, ки иштироки шаш номзад дар маъракаи интихоботӣ аз рақобатпазирии раванди интихобот шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, нозирони байналмилалии АБ ИДМ ба хулосаи умумӣ омаданд, ки интихоботи пешазмуҳлати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 20 ноябри соли 2022 баргузор гардид, бо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи иштирокчиёни раванди интихобот доир гашт.
Дилрабо Мансурӣ, ҳамчунин, дар доираи сафар бо роҳбарияти порлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуд.
Ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии Озарбойҷон, Бангладеш, Чин, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва котиботи МҲТБО иштирок доштанд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарони ҳайатҳо вазъи ҳозираи соҳаи сайёҳии миллӣ ва тадбирҳоеро, ки барои мустаҳкам намудани иқтидори саноати сайёҳии давлатҳои аъзои МҲТБО андешида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба соҳаи сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО дар рафъи оқибатҳои COVID-19 дастгирии мутақобила расонанд.
Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Хоруғ
Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр шуд, ки ҷиҳати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо таъмиру рангубор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад.
Таъкид рафт, ки дар шаҳри Хоруғ сохтмону навсозии 250 иншоот, асфалткунии 2 ҳазору 800 метр роҳи мошингард, чароғонсозии биноҳои баландошёна ва дигар корҳои созандагӣ дар нақша аст.
Раиси вилоят ба раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарони идораву муассисаҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон корҳои созандагиро вусъат бахшида, масъалаи равшансозии шабонаи биноҳои идораву муассисаҳо ва иншооти бахши хусусиро ҳаллу фасл намоянд.
Табодули таҷриба ва баррасии мониторинги обҳои рӯизаминӣ
Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия (SYKE) оид ба лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» дар шаҳри Хелсинки вохӯрии мутахассисони ду ҷониб барои табодули таҷриба ва баррасии масоили марбут ба мониторинги обҳои рӯизаминӣ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси Кумита Зарафо Қиёмзода ба коршиносони Институти мазкур дар бораи фаъолияти Кумита дар самти амалигардонии сиёсати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маълумот дод. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи финляндиҳо мутахассисони Кумита бо системаи идоракунии маркази лабораторияи SYKE шинос мешаванд.
25 ноябр баргузории ҷаласаи Шурои лоиҳа дар назар аст, ки дар он аз фаъолияти соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, инчунин, нақшаи фаъолият барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Юнон
Дар Вазорати фарҳанг вохӯрии муовини якуми вазир Обид Назариён бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Юнон, (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Екатерина Насика баргузор гардид, - хабар дод Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорат.
Ҷонибҳо вобаста ба таъриху фарҳанги бою ғанӣ ва чандинҳазорсолаи Тоҷикистону Юнон суханронӣ карда, ҳамкориҳо дар самти боздид ва баргузории як қатор чорабиниҳо дар мавзеъҳои таърихӣ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ва Юнон, омода кардани мутахассисони соҳа, баргузории барномаҳои консертӣ, намоишномаҳои театрӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 23938