сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ бо иштироки сарварони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар ҷаласа сарварони давлатҳои аъзои Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррасӣ намуданд. Сарвари давлат бори дигар аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян ҷиҳати ташкили сатҳи баланди тадорукотии кори ҷаласа ва иҷрои корҳо дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати қабули раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табрик гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, фаъолияти пурсамари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – Станислав Засро таъкид намуда, ба роҳбари навтаъини Созмон Имангали Тасмагамбетов барори кор орзу намуданд.
Аз рӯи натиҷаи кори ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2022 №: 226 Мутолиа карданд: 851