logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, шаҳри Душанбе, 24 ноябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз  сокинони Тоҷикистони  соҳибистиқлол боз як санаи муҳими таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.
Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.
Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.
Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд. Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад. Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан наврасону ҷавонон, аз рӯзи қабули Парчами давлатӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд.
Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ  ва ватандӯсту  ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Қабули Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва оину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ барои мо аҳамияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд. Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2022    №: 226    Мутолиа карданд: 1133
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед