иҷтимоиёт
ПАРЧАМ БАРОИ МИЛЛАТ АХТАР ВА БАРОИ ЛАШКАР ҚУДРАТ АСТ
Имрӯз мо дар рӯзи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои муқаддас – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриётӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёитаборамон бо тобиши се ранг – сурх, сафед, сабз бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони ин сарзамин башорат медиҳад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти миллӣ, шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо, аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Парчами давлатӣ бояд барои ҳар як сокини кишвар азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он нишон диҳад.
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Ҷашни Парчами давлатӣ таъкид намудаанд: «Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад».
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2022 №: 226 Мутолиа карданд: 1123