logo

Хабарҳо

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

 
Таҳти чунин унвон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи гирд доир гардид. Дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ иштирок намуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода зикр кард, ки Парчам шиносномаи ҳар давлат аст, ки аз рӯи он кишварро ба расмият мешиносанд. Бо доштани Парчами давлатӣ мебояд ифтихор намуд ва нисбат ба он эҳтиром зоҳир кард.
Ҳамзамон, дигар иштирокчиён баромад намуда, баён доштанд, ки Парчами давлатӣ моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву Истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон қабул шуданд. 
Парчами давлатӣ 30 августи соли 2011 дар паҳлуи Қасри миллат бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сутунпояи баландиаш 165 метр барафрохта шуда, дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт гашт.
Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимии давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тулонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадимӣ, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоят, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст. Парчам ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, далериву шуҷоат васф мешавад. Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон ба воситаи яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ - «Шоҳнома» то ба насли имрӯз расидааст. 
Таъкид гардид, ки дар «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ тафсири олии парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод ва баҳо дода мешавад. 
- Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, ҳанӯз аз давраҳои пеш ниёгони мо оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва Истиқлол шинохта мешавад, - гуфт Рустам Мирзозода. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 20721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед