маориф
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ - ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Яке аз рамзҳои нахустин ва муҳимтарини тараққиёти ВМКБ ва дурнамои рушди он дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташкили муассисаи олии таълимии касбӣ дар маркази вилоят мебошад. Дар доираи таҷлили яксолагии Истиқлоли давлатӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъсис ёфт. Таъсиси Донишгоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ - маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - фарҳангӣ дорад. Дар пешорӯи 30-солагии ташкилёбӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Комилбек Амид Ёрбек зикр кард:
- Фаъолияти 30-солаи Донишгоҳ собит менамояд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳамияти бузург дорад. Дар ин муддат Донишгоҳро қариб 20 ҳазор нафар хатм намуд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон софдилонаву содиқона кор мекунанд.
Мо имрӯз номи ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф Моёншо Назаршоевро ба некӣ ба ёд меорем, ки дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ саҳми арзанда гузоштанд. Бесабаб нест, ки Донишгоҳ ному насаби ӯро гирифтааст.
Нахустин ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои физика - математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов буд, ки дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ фаъолияти пурсамар бурда, барои пешрафти минбаъдаи Донишгоҳ шароити хуб муҳайё кард. Академик Маҳмадшо Илолов он солҳои пурошӯбро ба хотир оварда, навиштааст: “Душвор буд, аммо Донишгоҳ ташкил шуд, на барои ҳавову ҳавас, на барои худнамоӣ, балки бо талабу тақозои замон ба фаъолият шуруъ кард. Садҳо донишҷӯ бар асари авзои ноороми кишвар иҷборӣ ба Бадахшон баргаштанд. Дар ҳамин вазъияти сиёсӣ Донишгоҳ фаъол шуд, то силсилаи донишандӯзии мардуми диёрамон канда нашавад. Ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, хонаи маорифи сиёсӣ ба макони маърифат, ба маркази таълиму тарбия табдил дода шуд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят, вазнин буд, вале дар Донишгоҳ таълим ягон соат қатъ нагардид”.
Ин боргоҳи маърифат имрӯз на танҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро мекунад, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани неруҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳангиву миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар Донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 доктори илм ва 6 номзади илм дарс мегуфтанд. Айни замон дар Донишгоҳ 8 факултет, 21 кафедра амал менамояд, ки дар онҳо 14 доктори илм ва 61 номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадриаш сол ба сол такмил меёбад.
Донишгоҳ аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисони мувофиқ ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳониро омода менамояд. Ҳоло дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона 3431 донишҷӯ, аз ин 364 нафар тибқи Квотаи президентӣ, 129 нафар дар магистратура ва 12 нафар дар зинаи докторантура PhD таҳсил менамоянд.
Пойгоҳи моддию техникӣ низ сол ба сол таҳким ёфта, айни ҳол дар Донишгоҳ толорҳои калони замонавӣ барои баргузории конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ, марказҳои инноватсионӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, сабти дарсҳои видеоӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ - таълимӣ барои илмҳои химия, биология, геология ва муҳандисӣ, кабинети лингофонӣ барои забономӯзӣ, шаш лабораторияи таълимӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён ва магистрантону докторантон қарор доранд. Дар Донишгоҳ китобхонаи марказӣ, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаҳои хобгоҳҳои донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии онҳо 97378 китобро дар бар мегирад.
Соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи замонавӣ барои 300 нафар донишҷӯ мавриди истифода қарор гирифта, санги бинои асосии Донишгоҳ гузошта шуд. Сохтмони бино имрӯз бомаром идома дорад. Ҳамзамон, соли 2014 хобгоҳи дуюми замонавӣ барои донишҷӯён бунёд гардид, ки имкон дод донишҷӯён аз деҳоти дурдасти вилоят ва дигар манотиқи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Имрӯз беш аз 200 донишҷӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишгоҳ таҳсил мекунад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо марказҳои илмии Россия ва дигар кишварҳои ИДМ робитаҳои судбахши илмӣ дорад. Аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи Санкт - Петербург, пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Россия рисолаҳои илмиро бомуваффақият ҳимоя карданд. Дар ин муддат Донишгоҳ дар доираи 25 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конфронсҳои байналмилалӣ гузаронд. Бар замми ин, бештар аз 180 нафар устоди Донишгоҳ дар семинару ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мамолики пешрафта иштирок кард.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2022 №: 226 Мутолиа карданд: 1206