маориф
Ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонанд
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз тақдири минбаъдаи бинои таъмирталаби хобгоҳи донишҷӯён ва дигар корҳои ободонию сифати таълиму тарбияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ пурсон шуданд.
Ректори муассисаи таълимӣ профессор А. Розиқзода дар посух изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам диққату эътибори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани вазъи молиявию иқтисодӣ, ободонӣ ва сифати таълиму тарбия ҷавобгӯи талабот нест. Аксари корҳои таъмири биноҳои таълимӣ, хобгоҳи донишҷӯён, китобхона ва таъсиси синфи компютерӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва даромадҳо ба сомон расонда мешаванд.
Бо сабаби сари вақт ҷудо нагардидани маблағ дастурҳои таълимӣ, китобҳои илмию тадқиқотии омӯзгорони донишкада ба табъ расонда намешаванд ва, албатта, ин ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонанд.
А. АСКАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7304