иҷтимоиёт
РАМЗИ САРАФРОЗИИ МИЛЛАТ
Дарвоқеъ, беш аз 200 давлати ҷаҳонро маҳз тавассути парчамашон эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари ҷумҳуриҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз касби соҳибистиқлолӣ 9 сентябри соли 1991 ва баъд аз панҷ моҳ ҳамчун кишвари мустақил узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардидан Тоҷикистон Парчами давлатии худро надошт. Яъне, узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд.
Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.
Ниҳоят, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нояб-ри соли 1992 қабул гардид ва он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои намояндагони тамоми халқҳои муқими Тоҷикистон гардид. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шуруъ намуданд, Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид кардани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.
Ҳамин буд, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия (соли 2009) аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб, мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комил ҷашн мегиранд.
Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ, эҳтироми зиёд дошта бошанд.
Мақсудҷон ГУЛОВ,
корманди Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
бехатарии иншооти гидротехникӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2022 №: 227 Мутолиа карданд: 1620