Хабарҳо
СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД
Ҳавои номусоид ва боришҳои зиёди тирамоҳ дар ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ ба деҳқонони вилояти Суғд мушкилӣ пеш овард, ҳосил дар саҳро монд. Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи масъулони шаҳру навоҳии мамлакат даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати талаф наёфтани ҳосили бо заҳмати зиёд рӯёндаи деҳқонони кишвар бо мусоид омадани боду ҳаво тадбирҳои муассир роҳандозӣ шаванд.
Тайи чанд рӯзи охири офтобӣ дар навоҳии кишоварзии вилоят бо сафарбарии оммавии чинакчиён, саҳмдорон ҷамъова-рии пахта вусъати тоза гирифт. Деҳқонони ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд сеюмин шуда, баъди навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен нақшаи дурнамои чидани пахтаро иҷро карданд. Бино ба иттилои Шуҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, ҳоло ҳосил дар саҳро бисёр буда, пахта то кӯраки охирин ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳосили то имрӯз рӯёндаи деҳқонони суғдӣ ба 120 ҳазор тонна расид, ки иҷрои нақшаи дурнаморо 89 дарсад таъмин месо-зад. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ баҳри ёрӣ ба пахтакорони навоҳии Мастчоҳ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов кормандони ташкилоту муассисаҳо низ, ба ҳашар баромаданд.
Дар мавсими имсола деҳқонони вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки зиёда аз 130 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 23257