фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ПАРЧАМ»
1. Муродифи «парчам». 2. Ҳуҷҷат, аснод. 3. Рамзи давлатӣ. 4. Маҷлиси ***и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5. Фатҳу кушоиш. 6. Муассиса, корхона. 7. Шаҳр дар шимоли Тоҷикистон. 8. Он, ки расм мекашад. 9. Давлат, кишвар. 10. Ҳаммаънои «раҳмат». 11. Ба манзил мерасонад. 12. Шаҳр дар Тоҷикистон. 13. Соҳиби вазифа, роҳбар. 14. Ҷирми ос-монӣ. 15. Кабир, бузург. 16. Оммаи фармонбардор. 17. Фасли сол. 18. Якдигарфаҳмӣ. 19. Деҳае, ки Б. Ғафуров он ҷо та-валлуд шудааст. 20. Донаи шоҳмот. 21. Жанри матбуот. 22. Номи аспи Рустам дар «Шоҳнома». 23. Душанбе, Исфара, Конибодом. 24. Сурх, сафед, сиёҳ. 25. Неъмати моддӣ, ки дар Парчами Тоҷикистон акс ёфтааст. 26. Махзани дониш. 27. Маркази Давлати Сомониён. 28. Муқобили «зуд». 29. Супориш, фармон. 30. Ангора, чеҳраи тасвиршуда. 31. Таърифкар-дашуда. 32. Муаллифи Парчами давлатӣ. 33. Шеъри Лоиқ. 34. Асбоби мусиқии миллӣ.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,
корманди нашрияи «Омӯзгор»
БАХТОВАР КАРИМЗОДА, АБДУҶАЛИЛ ЮСУПОВ ВА ҲОТАМИ ҲОМИД –
ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори ки-швар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон, миёни ширкатку-нандагон Бахтовар Каримзода, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пеш-ниҳоди ҷавобҳо, Абдуҷалил Юсупов, собиқадори мақомоти прокуратура ва Ҳотами Ҳомид, корманди нашрияи “Омӯзгор”, ба-рои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуданд.
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ИҶЛОСИЯ» АЗ 11 НОЯБРИ СОЛИ 2022
1. Иҷлосия. 2. Якдилӣ. 3. Исбот. 4. Тоҷик. 5. Конститутсия. 6. Январ. 7. Раият. 8. Такрор. 9. Рафоқат. 10. Ташкилот. 11. Тоҷики-стон. 12. Норак. 13. Кишвар. 14. Рафиқ. 15. Қарор. 16. Радио. 17. Орден. 18. Нусрат. 19. Тоқӣ. 20. Интихобот. 21. Тин. 22. Набот. 23. Торик. 24. Китоб. 25. Бохтар. 26. Рух. 27. Хабар. 28. Ранг. 29. Гандум. 30. Маҳорат. 31. Ташаккур. 32. Регар. 33. Раҳм. 34. Мактаб. 35. Бухоро. 36. Офтоб. 37. «Бӯстон». 38. Нишон. 39. Нома. 40. Амр.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
ҶОМИ ОСИЁ
ФУТБОЛИ ТОҶИК МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД
Давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ бори аввал дар як сол се дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (тими миллӣ, футболбозони то 17 ва 20-сола) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.
Дар ин миён тими миллӣ маротибаи якум дар Ҷоми Осиё (16 июн-16 июли соли 2023, Қатар) ҳунарнамоӣ мекунад.
Ҳоло мизбони Ҷоми Осиё – 2023 байни мунтахабҳои U17 муайян нагаштааст.
Ҷоми Осиё – 2023 миёни бозигарони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Футболбозони мо шомили гурӯҳи «С» буда, бо тимҳои Ҷумҳурии Корея, Урдун ва Уммон нерусанҷӣ мекунанд. Хурсандиовар ин аст, ки ҳар се тими мо дар марҳилаи интихобӣ бо ишғоли мақоми аввал дар гурӯҳ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё баромаданд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ХУФАИ АРЗОН
- Хуфа мезанед?
- Мезанам.
- Зиёд?
- Хеле зиёд.
- Сигор мекашед?
- Мекашам.
- Кадом навъашро?
- «Беломор».
- Ба ҷонатон раҳм кунед.
- Чӣ хел?
- Ақаллан ба «Change» гузаред.
- Раҳмат духтурҷон, хуфа аз «Беломор» арзонтар меафтад.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
АВВАЛ АНДЕША, БАЪД ГУФТОР
Донишҷӯе нақл кард: «Як устоди мо соати занона дошт ва ҳамеша онро ба дасташ мебаст. Мо, бехабарон, бо ханда масхарааш мекардем. Ӯ боре ҳам ба ин рафтори ношоистаи мо вокуниш нишон намедод. Баъдтар фаҳмидем, ки он соат аз духтари фавтидааш будааст. Ҳамагӣ як фарзанд, яъне ҳамон духтараки шодравонро дошта.
Ба воқеаҳо ва шахсони гирду атрофамон зуд баҳо надиҳем ва қазоват накунем: бад ё нек, зеро паси як ҳодиса дар дили шахси ношинос шояд кӯҳи фоҷиа нуҳуфта бошад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ДАР ҶОПОН КӮДАКОНИ ТО СЕСОЛАРО БА КОР ҶАЛБ МЕКУНАНД, ЧАРО?
Хонаи пиронсолони ҷопонӣ кормандони беназир – кӯдакони то сесоларо ба кор қабул менамояд, – хабар медиҳад «Мир 24». Чунин идея ба сари роҳбарияти муассиса пас аз мушоҳидаи ҳолу ҳавои одамони зери васоят қарордошта омад. Онҳо диданд, ки бо омадани кӯдакон чеҳраҳои бошандагони муассиса мешукуфанд ва хушҳол мешаванд. Бинобар ин, ҷойҳои кории озодро ихтисос доданд. Аз он замон зуд-зуд дар чеҳраҳои одамони калонсол табассум ва ашки риққатборро метавон дид.
Хидмати кормандони ғайриодӣ низ, бидуни подош намемонад – ҳаққи кори онҳо бо уребакҳо ва шир қадр мешавад.
«Кори кормандони хурдакаки мо ғайримуқаррарист. Онҳо метавонанд замоне ба кор оянд, ки вақташон хуш бошад ва ё барои модаронашон мувофиқ. Барояшон ҳамаи шароит ҳаст. Метавонанд дар қаҳвахона чизе бихӯранд ва ҳам дар майдонча бо бозиҳои гуногун машғул шаванд», – нақл намуд директори хонаи пиронсолон Гондо Кимие.
Аз русӣ тарҷумаи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ХАЛҚҲОИ ҚАДИМТАРИНИ ҶАҲОН
ХАЛҚИ КОЙСАНСКИ
Халқи койсански аз роҳи ба ҳам омехтани ду қавми африқоӣ - кой ва сан, ки ҳар ду бо забони койсански гуфтугӯ меку-нанд, арзи ҳастӣ намудааст. Ин ду қавмро бар замми забони умумии муошират, инчунин, урфу одатҳои ба ҳам хос мепайвандад. Онҳо аз ҳама қадимтарин халқҳои рӯи Замин маҳсуб ёфта, дар Африқои Марказӣ 130 000 сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Койсанскиҳо аз рӯи афзоиши одамон масоҳати зисташонро зиёд карда, 100 000 сол пештар то ба Африқои Ҷанубӣ расидаанду аввалин намояндагони ин қитъаи рӯи Замин гардидаанд. Хӯрокашон маҳсулоти баҳрӣ буда, дар бо-лои бӯрёҳои алафӣ мехуфтанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ШАМИМИ МОДАР
ПЕШ АЗ БА ДУНЁ ОМАДАН БА ДИМОҒИ ФАРЗАНД МЕРАСАД
Кӯдаки навзод модарашро танҳо аз бӯйи пӯсташ шинохта метавонад. Гузашта аз ин, хӯрокҳое, ки модар ҳангоми ҳомиладорӣ истеъмол менамояд, на танҳо ба ҳисси таъми кӯдаки инкишофёбанда, балки ҳисси шамими ӯ низ таъсир мерасонад. Тақрибан ҳафтаи 28-уми ҳомиладорӣ кӯдаки дар батн буда, на танҳо таъми ғизоро, балки бӯйи онро низ, ме-фаҳмад. Боз ҳам тааҷҷубовартар ин аст, ки модар бо чашми баста ҳам, кӯдаки худро аз байни кӯдакони дигар танҳо аз бӯяш мешиносад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ТАНСИҲАТӢ
ФИКРИ СОЛИМ НАХУСТДАВОИ БЕМОРИҲОСТ
Нависанда ва равоншиноси маъруфи амрикоӣ Луиза Хэй, ба ин назар аст, ки ҳамагуна бемориро одамон худ дар вуҷудашон эҷод мекунанд. Ҷисми мо бо ҳамагуна бемориҳо дар мубориза аст ва бо инсон дар гуфтугӯ қарор дорад. Агар ба ҳарфаш гӯш диҳем, бо фикрҳои носолим озурда насозем ва тарзи дурусти истеъмоли ғизоро риоя намоем, ҳамеша тансиҳат хоҳем буд.
- Афкоратонро бо шиори «ман солим, хушбахт ва шукуфонам» зинат бахшед. Кинаро аз дилҳо дур биронед, худ ва атрофиёнро самимона дӯст доред, ҳаётатонро дар атрофи шодӣ бисозед. Дур наравед, шумо ба ин манбаъ ва зиндагии хушбахтона дар вуҷуди худ дастрасӣ доред, – таъкид мекунад Луиза Хэй.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
АЗ РӮЗГОРИ ФИДЕЛ КАСТРО
Кастро сигоркаши ашаддӣ буд, аммо соли 1985 ин одати бади худро партофт ва изҳор кард: «Кори хубтарине, ки бо қуттии сигор метавон кард, додани он ба душман аст».
* * *
Ба иқрори Кастро ба ҷони ӯ ками дар кам 634 сӯиқасд сурат гирифтааст ва аксари он аз ҷониби СРУ ва ташкилотҳои муҳоҷири кубагии дар ИМА мустақарбуда роҳандозӣ шудааст. Ҳабҳо ва сигорҳои заҳролуд, либоси кимиёӣ барои нобуд карда-ни пешвои Куба истифода шудаанд.
* * *
Фидел Кастро бо кайҳоннаварди якуми ҷаҳон Юрий Гагарин моҳи июни соли 1961 дидор анҷом додааст. Акс бо кайҳон-наварди шуравӣ яке аз аксҳои маъруфтарини Кастро ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Борбади МУСТАФО
ПАРАНДАИ ҒАМХОР
Бӯтемор - номи парандаест, ки нӯли дароз дорад, онро ғамхӯрак, молик-ул-ҳузн, молик-ул-ҳазин, молик-ул-баҳрайн ва моҳихӯрак низ, мегӯянд. Пайваста дар канори об менишинад ва ҷонварони мухталифи обиро сайд мекунад ва аз ғами он ки мабодо оби дарё кам шавад, бо вуҷуди ташнагӣ, об намехӯрад. Гӯшташ бехобӣ меоварад, аммо ҳофизаро қавӣ ва зеҳнро тез мекунад. Шоири классики тоҷик Қоонӣ дар қитъае сифати ин парандаро хеле зебо ба қалам додааст:
Мурғаке ошиқи об аст, ки
бӯтемораш
Ном аз он аст, ки ҳамвора
бувад бо темор.
Бар лаби об нишинад,
нахӯрад обе аз он,
Ки агар об хӯрам, кам шавад
об аз анҳор.
Таҳияи Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ ДУХОНИИ ЭЙНШТЕЙН ТО УМРИ ДАРОЗИ ЗАҒОРАМОҲӢ
1. Ҳунарманди Ҳолливуд Ширли Ҳендерсон дар филми Гарри Поттер нақши духтари 13-соларо бозидааст. Аҷиб ин аст, ки ҳангоми иҷрои нақш ӯ 39-сола буд.
2. Зағорамоҳӣ 200 сол умр мебинад.
3. Ҳамасола Моҳтоб аз Замин 4 сантиметр дур мешавад.
4. Машҳуртарин варзиш дар Чин тенниси рӯйи миз аст. Дар ин кишвар тақрибан 10 миллион нафар ба ин намуди вар-зиш машғул буда, 53 дарсади медалҳои мусобиқоти ҷаҳониро оид ба тенниси рӯйи миз, ба даст меоранд.
5. Дар Дания ҳамагӣ 250 нафар кофист, ки маҳали аҳолинишин мақоми шаҳрро гирад.
6. Дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика Алберт Эйнштейн дар мактаби миёна фанни физикаро бо баҳои 2 ме-хонд.
Таҳияи Кароматулло АТО
СИНО ҲОТАМӢ
ШОҲМОТБОЗЕ, КИ ҲАДАФАШ МУАРРИФИИ ДАВЛАТ АСТ
Бунёдгузори Академияи шоҳмоти Сино (Sino Chess Academy) Сино Ҳотамӣ, филиали дуюми академияашро дар шаҳри Дубай (АМА) ифтитоҳ намуд. Сино, ки бо чандин забонҳои хориҷӣ дар шаҳри Дубай дарси шоҳмот мегузаронад, донистани забонҳоро калиди муваффақиятҳо медонад.
Бунёдгузори академия мегӯяд, ки хонандагони беҳтарини Sino Chess Academy ва Infinity LLC имконияти иштирок дар сабқатҳои байналмилалии шаҳри Дубайро пайдо хоҳанд кард ва чеҳраҳои беҳтарин сарпарастӣ мешаванд. Ҳамаи инро вай ба хотири тарбияи насли нави шоҳмотбозони тоҷик амалӣ намуда истодааст.
Бояд гуфт, ки Сино Ҳотамӣ қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва довари Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) мебошад.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
АЛАН ДЕРШОВИТС
АДВОКАТЕ, КИ ОДАМКУШОНРО САФЕД КАРДААСТ
Алан Дершовитс ҷавонтарин профессори Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар риштаи илми ҳуқуқшиносӣ ба шумор мера-вад, ки ин унвонро дар 28-солагӣ ба даст овардааст.
Аммо, ин ҳуқуқшинос дар робита ба фаъолияти адвокатиаш ва кор бо парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба куштор маъруф аст. Ӯ аз 15 парвандаи ҷиноятӣ, ки ҳамчун вакили дифоъ дар онҳо иштирок дошт, 13 баҳси судиро бо пирӯзӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, Алан тавонист, ки футболбози амрикоӣ О. Ҷей Симпсонро, ки дар қатли ҳамсараш Никол ва дӯсташ Рон Голдман муттаҳам мешуд, сафед ва аз ҳабс озод намояд. Ҳол он ки тафтишот даст доштани футболбоз ба ин ҷиноятро бо далелҳо ошкор карда буд.
Адвокати маъруф ба ин монанд аз ҳуқуқи Клаус фон Бюлоу ҳам, ки дар куштори ҳамсараш айбдор мешуд, дифоъ намуда, дар асоси парвандаи ӯ китоби «Бозгашти тақдир» - ро навишт.
Таҳияи Ф. ҶУМЪАЗОДА
ФАЛСАФА ВА МАНТИҚ
Суқротро мебурданд, то эъдом (қатл) кунанд. Дар ин ҳангом чашмаш ба ҳамсараш бархӯрд, ки мегирист.
Наздаш рафт ва гуфт:
– Чӣ боис шуда, ки ашк мерезӣ?
Ҳамсараш, ки ашкҳояш равон буд, гуфт:
– Золимона кушта хоҳӣ шуд.
Суқрот дар ҳоле ки ӯро дар оғӯш мекашид, гуфт:
– Яъне, агар одилона кушта мешудам, гиря намекардӣ?
Ҳамсараш гуфт:
– Манзурам ин аст, ки бегуноҳ кушта мешавӣ.
Суқрот гуфт:
– Яъне, бояд богуноҳ мебудам?
Ҳамсараш худро аз оғӯши ӯ раҳо карда гуфт:
– Эй ҷонат гӯр шавад, хок бар сарат, дар дами маргат ҳам аз фалсафа ва мантиқ гап мезанӣ?!
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
АЗ ГУФТАҲОИ ДАВРОНИ МУАЛЛИМИИ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
7. Ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар дафтар (идора, кабинет) мунтазир накардам, чун медонистам дар дафтар истодан шикасти руҳи шогирд мешавад.
8. Танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳӣ танбеҳ намудам, чун медонистам танбеҳи гурӯҳӣ ҷанбаи саршармӣ дорад, вале танбеҳи инфиродӣ ғурурро мешиканад.
9. Ҳамеша саволҳоеро медодам, ки мутмаин будам ҷавобашро медонанд, чун медонистам куҷояшро намедонанд, намепур-сидам...
Таҳияи З. РАҶАБ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ПЯТИМИНУТКА»
- Холдорова, шумо бо кадом ақлатон аз кампири 72-сола 1 литр хун гирифтед?
- Мебахшед, духтур, рақами палата 1 бошад, бояд чанд литр мегирифтам?
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ХОНАИ 700-СОЛАЕ, КИ САЙЁҲОНРО БА КАНДОВАН МЕБАРАД
Кандован, яке аз деҳаҳои хушманзараи Эрон буда, хонаҳояш ғайримуқаррарӣ сохта шудаанд. Ин деҳа дар қисми шимолу ғарби Эрон, дар наздикии шаҳри Оскуи музофоти Озарбойҷони Шарқӣ ҷойгир буда, хонаҳо ба сангҳои гуногуншакл монандӣ дошта, ба назар манзилҳои сунъӣ менамоянд. Дар ин деҳа як хонаи аҷибе ҳаст, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, 700 сол пеш сохта шудааст. Хона аз сангҳои харобшуда кандакорӣ шуда, бо як қатор таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳар фарде, ки ба тамошои ин деҳаи аҷиб меравад, аз дидани манзараҳои нотакрораш як ҷаҳон ҳаловат мебарад, вале беш аз ҳама хонаи 700-сола дар ёди сайёҳон нақш баста, чун як хотираи такрорнашаванда боқӣ мемонад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
14. ҲОКИМЕ, КИ ЗУД ҚУДРАТРО АЗ ДАСТ ДОД
3. КАМАЛА ҲАРРИС
Камала Харрис ҳеҷ гоҳ расман Президенти ИМА набуд, вале 19-уми ноябри 2021 тақрибан 85 дақиқа тамоми ваколатҳои Сардори давлатро дар ихтиёр дошт. Дар таърихи давлатдории ИМА нахустин ва ягона бонуе маҳсуб меёбад, ки ваколати Роҳбари давлатро ба зимма дошт. Ҳаррис уҳдадориҳои Президент Ҷо Байденро, ки 85 дақиқа бемор ва аз таъсири наркоз беҳуш буд, иҷро намуд. Ӯ ин муддат, ҳатто, ҳақ дошт конгресс даъват кунад, маҳкумшудагонро авф намояд ва дар мавриди зарурӣ фармон бидиҳад то ба душман зарбаи ҳастаӣ бизананд. Тибқи тағйироти Конститутсияи 25-умини ИМА (соли 1967), Президенти кишвар метавонад ихтиёран ваколаташро ба ноибаш вогузорад. Ин имконият дар таърихи давлатдории ИМА се дафъа истифода шудааст.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2022 №: 227 Мутолиа карданд: 1430