logo

фарҳанг

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН

Аз баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даҳ рӯз сипарӣ шуд. Даҳ рӯз мешавад, ки ба шарофати Озмун дӯстдорони  адабиёт аз тамоми Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо ҳам омадаанд. 
 
Дар ин муддат аз рӯйи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср, гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бакалавру магистрҳо, аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ маҳорати баланди китобхониву маърифатандузиашонро манзури ҳакамон намуданд. Ҳайати нуктасанҷи ҳакамон аз ин миён, аллакай, истеъдодҳои навро кашф ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро муайян намуданд.
Ҳоло сабқат миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун идома дорад. Иштирокдорони ин бахшро, новобаста аз он ки  рӯзгордидаанду дар ин ё он соҳа таҷрибаи кории зиёде доранд, ҳиссу ҳаяҷони аҷибе фаро гирифта. Инро баробари ворид шудан ба китобхона метавон дар чеҳра ва ҳам рафтору гуфтори онҳо мушоҳида кард. Яке саргарми китобхонӣ асту, дигаре ким-чиро дар дафтараш сабт менамояд. Гурӯҳи дигари ширкаткунандагон раванди Озмунро, ки тариқи пахши мустақим дар толори дигар пешкаш мегардад, бо диққат тамошо доранд. Баъзеи дигар на китоб мехонанд  ва на раванди Озмунро тамошо мекунанд. Хулоса,  қариб ҳар касе, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ аст ба Озмун рабте дорад.  
Дар  ошёнаи дуюм номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ мегузарад. Аз марди тақрибан 45-сола мепурсам, ки оё иштирокчии Озмун мебошанд?
– Не, ман Муҳаммадқул Ҳусейнови  70-соларо, ки дар Озмун ширкат меварзанд, ҳамроҳӣ мекунам, – мешунавам дар ҷавоб. Қудрати Озмунро бубинед, ки марди 70-соларо ба  майдони сабқат оварда.
– Айёми наврасии мо ин гуна имконият, озмунҳову дастгириҳо то ин ҳад маъмул набуд. Ин бахти баланди наврасони имрӯз аст, ки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафареро доранд, ки барои омӯзиши онҳо  ҳам шароит фароҳам меоранд ва ҳам дониши андӯхтаашонро қадр менамоянд. Ман, аслан, адабиёти бачаҳоро дӯст медорам, худам ҳам барои онҳо ҳикояҳо менависам. Ба ин хотир  тасмим гирифтам дар Озмун ширкат намоям.  
– Тибқи рӯйхат, баъди ҳамин ҷавоне, ки ҳоло  назди доварон сухан мегӯяд, навбат ба ман мерасад, – мегӯяд бо изтироб Фирӯза Ҳамидова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и аз ноҳияи Ёвон. – Ба ғайр аз 40 номгӯи адабиёти бачагона 60 повесту роман хондаам. Умедворам ба суолҳои ҳайати ҳакамон посухи дуруст гуфта тавонам, – меафзояд ӯ. 
Ба ошёнаи чорум меравам. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон  ин ҷо ҷараён дорад. Устод Ҳафиз Раҳмон (узви ҳакамон) иштирокчии навбатӣ Тоҳирхон  Асроровро баъди ошноӣ ба рӯйхати адабиёти мутолиакардааш аз асари нависандаи Фаронса Александр Дюма «Граф Монте – Кристо» суол мекунад: «Ҳодисае, ки дар киштӣ бо Эдмон Дантес рух медиҳад, ба шахсияти Наполеон Бонапарт чӣ алоқамандӣ дорад? Мақсади бонапартистҳо дар асар чӣ аст? Ба Эдмон Дантес киҳо туҳмат мекунанд?  Асар ғайр аз арзиши адабӣ оё аҳамияти таърихӣ низ дорад?»  Довталаб ба суолҳо ҷавоби қонеъсозанда медиҳад. Ширкаткунандагони дигар раванди пурсишу посухро тавассути манитор бо диққат ва шавқу изтироб  тамошо доранд. 
Иштироки Мавҷуда Раҷабзода – омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 68 аз шаҳри Турсунзодаро дар Озмун  шавҳар ва аҳли оила хуш пазируфтанд. Ӯ дар Озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори  адибони классики тоҷик ширкат дорад. 
– Хусуру хушдоман ва дигар аъзоёни хонаводаи шавҳарам  парастории чор фарзанди хурдсоламро ба уҳда гирифтанд, то вақту имкон пайдо намояму барои Озмун омодагӣ бигирам. Дар натиҷа, мувофиқи низомнома аз Рӯдакиву ҳамасрони ӯ сар карда, то Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ 120 ғазал азбар кардам. 200 рубоиву дубайтӣ аз шоирони классик, 150  байт қасида, 250 байт аз достонҳову 300 байт аз дигар навъҳои шеърӣ аз ёд намудам. Дар маҷмуъ, беш аз саду панҷоҳ  китоби назму наср мутолиа карда, аз санҷиши доварони қаблӣ гузаштаву то ин ҷо расидам. Ҳоло дар ташвишу ҳаяҷонам, ки аз имтиҳони сахттарини доварони  даври ниҳоӣ мегузарам ё не, – мегӯяд ӯ.
Чизи дигаре, ки ба Озмун рабт дораду аз  шуниданаш хеле шод шудам ин аст: имсол гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  донишҷӯён  дар номинатсияи адабиёти классикӣ  дар муқоиса ба  солҳои пештар хеле қавӣ будаанд. Ин далели он аст, ки масъулон аз миёни ширкаткунандагони  Озмун беҳтаринҳоро кашф кардаанд. Ҳадафи  баргузории Озмуни мазкур низ ҳамин аст. 
– Ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҷойи аввал  гардиданд, бо хоҳиши худ метавонанд 16-уми декабр барои дарёфти  Шоҳҷоиза  рақобат намоянд. Шоҳҷоизаро нафаре сазовор мешавад, ки ба 70 дарсади суолҳои ҳамаи номиниатсияҳо ҷавоби дуруст пешниҳод намояд, – мегӯяд Марҳабохон Одилова, намояндаи  Вазорати маориф ва илм. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2022    №: 241    Мутолиа карданд: 984
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед