фарҳанг
СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БА 60 ЗАНИ ҲУНАРМАНД
Дар Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими супурдани грантҳои раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор гардида, ба 60 бону 420 000 сомонӣ грант супурда шуд, - иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ гранти президентӣ ҷудо мешавад, ки масъулияти татбиқи он ба донишу хирад ва малакаи занон ва духтарон вобастагӣ дорад.
Ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат грантҳои президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, ки дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат намуда, онро соҳиб мегарданд. Давоми соли ҷорӣ 17 бонуи вилоят бо манзури лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои президентӣ гаштанд.
Дар ин радиф солҳои охир дар вилоят грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис дода шуда, занони ҳунарманди вилоят давоми солҳои 2010 - 2022, дар маҷмуъ 3 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, на танҳо шароити иқтисодии оилаи худро беҳтар намуданд, балки барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави корӣ таъсис доданд.
Соли ҷорӣ баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат тибқи қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025” 60 гранти раиси вилоят, аз ҷумла 15 грант бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант бо маблағи 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, пешбинӣ гардида буд.
Ба комиссияи грантҳо 104 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо дастгирӣ шуданд.
Занони ҳунарманд ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 20 нафар занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Раиси вилоят изҳори бовар намуд, ки бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комил дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмини занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дӯстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2022 №: 241 Мутолиа карданд: 989