иқтисод
ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ КӮШОНИЁН
Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин ва сераҳолитарини вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Раиси ноҳия Икромиддин Сироҷиддин Вализода иброз дошт, ки Кӯшониён дорои се ҷамоати шаҳрак, панҷ ҷамоати деҳот ва 121 деҳа мебошад. Аҳолӣ айни замон зиёда аз 264 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 1996-ум бо назардошти гузаштани як қисми ҳудуди ноҳия ба шаҳри Бохтар, 103 ҳазор нафар зиёд мебошад ва намояндагони миллатҳои рус, ӯзбек, қирғиз ва ғайра бо ҳам дӯстона зиндагӣ доранд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан, иҷтимоӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Мақсади асосии сиёсати андоз ва буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молиявии ноҳия буда, дар ин самт буҷети маҳаллӣ дар муқоиса бо соли 2000-ум 18 маротиба афзуда, дар 22 соли охир қисми хараҷоти буҷет, аз ҷумла хароҷоти иҷтимоӣ сол аз сол дар афзоиш аст, ҳаҷми хароҷоти буҷети ноҳия дар соли 2022 ба маблағи 114,6 миллион сомонӣ тасдиқ гардидааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 5 баробар зиёд мебошад. Дар соли оянда низ чунин болоравӣ дар нақша ҳаст.
Аз соли 1999 то имрӯз ҳаҷми номиналии музди меҳнат аз 5 сомонӣ ба 1025,75 сомонӣ расид, яъне зиёда аз 200 маротиба боло рафт ва андозаи миёнаи нафақа 157 баробар ё ин ки аз 2 сомонӣ ба 314,29 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми умумии маҳсулот нисбат ба соли 1998-ум 1 миллиарду 297 миллиону 425 ҳазору 200 сомонӣ зиёд гардид, ки афзоиш 6,7 маротиба аст, ки аз ин ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 29 миллиону 447 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар соҳаи рустанипарварӣ 751 миллиону 275 ҳазору 100 сомонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад ба 237 миллиону 840 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1998-ум 6,8 маротиба зиёд мебошад. Ин раванд сол аз сол рӯ ба афзоиш дошта, дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмуии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 2 миллиард сомонӣ бирасад.
Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта ба 4357,5 тонна расид, аз ҷумла 6473,7 тонна чигит, 9955,4 тонна орд, 1786,7 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3657 тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,3 то 115,3 фоиз зиёд мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар Паёми навбатиашон аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҳадафҳои асосӣ масъалаи саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ таъкид карда гуфтанд: “Пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022 – 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд”. Дар соли ҷорӣ мо ба масъалаи саноатикунонии ноҳия диққати ҷиддӣ додем ва якчанд коргоҳҳои хурд ба истифода додем. Дар моҳи сентябр як корхонаи коркарди пахта (ҶДММ “Суҳроби Некрӯз”) ва як коргоҳи пахташоназанак (ҶДММ “Одил-хизматрасон”) ба истифода дода шуданд.
Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 75 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021 – 2025 тасдиқ гардид, ки дар он амалишавии 193 лоиҳа бо маблағи 212,182 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин 54 лоиҳа бо маблағи 83,958 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 92 лоиҳа бо маблағи 73,208 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа бо маблағи 52,893 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 9 лоиҳа ба маблағи 11,860 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 6 лоиҳа бо маблағи 263 ҳазор сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меоянд.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021 – 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 222,182 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 35,528 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ 15,78 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 9,45 миллион сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 67,354 миллион сомонӣ ва маблағҳои сармоягузориҳои хориҷӣ 94,07 миллион сомонӣ мебошад. Ба санаи 1-уми октябри соли 2022 дар ноҳия 22 лоиҳа ба маблағи 37 миллиону 713 ҳазору 700 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, 2 лоиҳаи дигар дар арафаи анҷомёбӣ ва 15 лоиҳа дар баррасӣ қарор доранд.
Болоравии иқтисодиёти ноҳия, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҳар ҷиҳат ба вазъи кишоварзӣ зич алоқаманд аст, аз ин рӯ, ба масъалаи тараққӣ додани соҳа диққати махсус зоҳир мешавад.
Дар соли 1991 дар миқёси ноҳия 14 хоҷагӣ, аз ҷумла 7 колхоз, 3 совхоз, 2 хоҷагии давлатӣ ва 2 иттиҳодияи байнихоҷагӣ фаъолият мекарданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ хоҷагиҳо дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 1999, №1232 ва аз 30 июни соли 2006, №1775 таҳти таҷдид қарор гирифта, айни ҳол дар ноҳия 5 хоҷагии давлатии тухмипарварӣ, 2472 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), 4 хоҷагии ёрирасон ва 7 ширкати кишоварзӣ амал мекунанд.
Кишоварзон дар муқоиса ба соли 1996-ум 26434 тонна ғалладона, 7677 тонна картошка, 128824 тонна сабзавот, 9000 тонна полизӣ, 12796 тонна мева, 8622 тонна ангур ва 2536 тонна пахта зиёд ҷамъ оварданд, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва нигоҳубини хуби агротехникӣ ҳосилнокии маҳсулотро бамаротиб баланд бардоштанд, ки ин дар масъалаи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, қадами устувор мебошад.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилии шаҳрвандон чораҳо андешида шуда, барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 1088,62 гектар замин барои 10 ҳазору 762 оила ҷудо ва тақсим карда шуд. Танҳо дар ду моҳи охир 13 омӯзгор ва 15 корманди мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.
Дар соҳаи меъморию шаҳрсозии ноҳия низ пешравиҳои назаррас ба амал омада, танҳо дар ин давра аз тарафи комплекси бинокорони ноҳия аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 119 миллиону 549 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз худ карда шуданд, ки нисбат ба соли 1996-ум бамаротиб зиёд мебошад. Дар 31 сол ба маблағи зиёда аз 100 миллион сомонӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд. Бунёду барқарорсозии 20 муассисаи таълимӣ, 1 боғчаи бачагона, 1 толори варзишӣ, 1 мактаби президентӣ, 1 Донишкадаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва 1 гимназияи ғайридавлатӣ дастовардҳои даврони Истиқлол ба шумор мераванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмиру тармими 337 биною иншоот ба нақша гирифта шуда буд, дар маҷмуъ, нақша 105 фоиз иҷро гашт. Дар идома ба ин иқдоми наҷиб то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 252 бинову иншоот дар нақша аст, ки аз он 20 ададаш, аллакай мавриди истифода қарор гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмони 33 муассисаи тиббӣ ба маблағи зиёда аз 14 миллион сомонӣ ба итмом расид. Имсол дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази ноҳия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии хусусии “Ваҳдат”, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
– Мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ равона карда, тасмим гирифтаанд, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо дастовардҳои шоёни иқтисодиву иҷтимоӣ истиқбол гиранд, – гуфт дар охири суҳбат раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Сироҷиддин Вализода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2022 №: 241 Мутолиа карданд: 910