туризм
ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ. НАМОИШГОҲИ РАСМҲО БА ИФТИХОРИ 30 - СОЛАГИИ МУНОСИБОТИ ДИПЛОМАТӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатии худро ҳамчун як марҳалаи асосии ҳамкориҳои дуҷониба дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар толори театри мазкур намоишгоҳи расмҳои пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистонро ташкил намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш намояндагони ду кишвар суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи асосии оби ошомиданӣ ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим дар ҳар ду давлат ба пиряхҳо бетаъсир намонда, тайи солҳои охир дар натиҷаи ин раванд пиряхҳо осеб дида истодаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш аксҳои ҷолиб аз вазъи имрӯзаи пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Бар замми ин, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” аксҳо ва банерҳо аз раванди корҳои таҳқиқотӣ - экспедитсионии омӯзиши пиряхҳо, ки тавассути аксбардорҳои моҳворагӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аксбардорӣ шуданд, манзур гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо донишгоҳҳои Швейтсария дар масоили ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамкории зич дошта, олимон ва муҳаққиқони швейтсарӣ дар раванди баргузории экспедитсияҳои муштарак, инчунин таҳқиқоти бароҳмондаи муассиса фаъолона ширкат меварзанд.
Дар толор зиёда аз 60 аксу мусаввараи олимону рассомони швейтсарӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо ва ҳолати имрӯзаи онҳо муфассал маълумот медиҳанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Швейтсария аз рӯи иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳам шабоҳати зиёд дошта, пиряхҳо ҳамчун бойгарии асосии ҳар ду давлат ба шумор мераванд. Аз ин ҷост, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар масъалаи ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо пайваста тадбирҳои муштараку судманд роҳандозӣ мегарданд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода гуфт, ки коҳишёбии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим масъалаҳои рӯзмаррае мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои доимӣ метавонанд ҳалли худро ёбанд. Аз ин лиҳоз, мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳсорони сербарфу қуллаҳои сарбаафлоккашида, пиряхҳо ва иқлими ду минтақаро ба инобат гирифта, ҳамкориҳоямонро бояд боз ҳам густариш диҳем.
Сафири фавқулода ва мухтори Швейтсария Дэвид Грихтинг бо ишора ба сиёсати эътирофгардидаи Тоҷикистон бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряху иқлим таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоён дорад. Инчунин, мавсуф қайд кард, ки пешниҳод ва иқдоми беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳад ёфт.
Дэвид Грихтинг барои ҳамкориҳои муфид бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баҳои баланд дода, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илмӣ ва ташкили таҳқиқоту экспедитсияҳои илмӣ - бунёдӣ бо истифода аз методҳои инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Корманди илмии Донишгоҳи Фрибург Томас Сакс Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” мактаби илмии пиряхшиносони тоҷикро эҳё намуд, ки дар давоми сӣ соли истиқлол ин натиҷаи басо ҳам назаррас мебошад. Соли 2022 қариб сӣ нафар олими Швейтсария барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон сафарбар шуданд. Мо ният дорем, ки аз марказҳои бонуфузи Швейтсария, ки дорои технологияи муосир ва усулҳои инноватсионӣ мебошанд, дар ҳамкорӣ бо Маркази мазкур ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ҷалб намоем. Зеро маълумоти бадастоварда оид ба ду кишвари кӯҳистон ва дорои пиряҳои беназир уфуқҳои нави илмро мекушояд.
Насиба БАХТИБЕКОВА,
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
ходимони илмии Муассисаи давлатии илмии
“Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2022 №: 241 Мутолиа карданд: 902