logo

Хабарҳо

Таҳсили 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар вохӯрӣ бо Александр Бурков, губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия, ҳамзамон, раиси ҳукумати вилояти Омск, зикр кард, ки ҳоло беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Россия таҳсил намуда, ҳамзамон, дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия ва як Донишгоҳи муштарак фаъолият доранд. 
Мутобиқи иттилои маркази матбуоти вазорат, айни ҳол миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва вилояти Омск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, дар мактабҳои олии вилояти Омск зиёда аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
 
 
Мулоқот бо коршиносони СҶТ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи коршиносони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳайати Сатиш Мишра, Кахал Морган ва Сю Эител мулоқот намуд. 
Гуфта шуд, ки ҳадафи ташрифи ҳайати СҶТ ба Тоҷикистон – таҳияи  тавсияҳо  ва  муайян намудани  самтҳои  стратегӣ  дар доираи лоиҳаи муштарак оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар кишвар, таҳлили вазъи соҳаи тавонбахшӣ ва таҳияи лоиҳаҳо дар самти пурзӯргардонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон, инчунин, расондани мусоидати фаннӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи “Маъюбият ва барқарорсозӣ барои солҳои 2023-2028” мебошад.
 
 
 
Таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг
Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар чор номина таъсис дода шуд.
Ҷоизаи раиси вилоят дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст. 
Ғолибони ҳар  номина  ҳамасола дар Рӯзи фалак (10 октябр) бо диплом, медал ва 5000 сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Барои дарёфти Ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии ҳудуди вилоят на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.
 
 
 
Оғози татбиқи 113 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Хоруғ
Дар доираи Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ, бо назардошти рушди инфрасохтор, дар 21 маҳалла ва 113 нуқтаи шаҳр, дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо шарикони рушд татбиқи 113 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо ҷалби 282 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва зиёда аз 500 ҳазор доллар саҳми ҷомеа амалӣ мегардад. 
Лоиҳаи мазкур дар доираи мулоқотҳои раиси шаҳр Ризо Назарзода бо сокинон ва таклифу пешниҳоди онҳо ба нақша гирифта шуда, дар ҳамдастӣ бо аҳолӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд барои беҳдошти инфрасохтори аввалиндараҷа амалӣ мешавад. 
Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои беҳтар намудани ифрасохтори шаҳр – яъне таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полизӣ, бунёди иншооти варзишӣ ва бозии кӯдакона, сохтмон ва навсозии каналҳо, кандани чоҳҳои амудӣ, чароғонкунии кӯчаву пасткӯчаҳо ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим роҳандозӣ мегардад. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 16010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед